Оромии ҷомеъа суботи миллат аст

Яке аз масъалаҳои  ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ),  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои  номатлуб шомилшуда бо роҳи  ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон кифоя набуда,  дар зиндагӣ бо мушкилотњои ба монанди қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва  монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро  пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.

         Тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади асосии њизби сиёсц ин иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеъа бо воситаи ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад.

         Лекин ҲНИ бошад дар ин самт бо ташкилоти динї ѓайриќонунї мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсї тафовут доранд.

Мутобики кисми 9,моддаи 4-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи озодии вичдон ва иттиходияхои дини», хукуки таблиготи оммавии диниро танхо иттиходияхои дини дорад.

Тибки моддаи 2 Конуни Чумхурии Точикистон « Дар бораи хизбхои сиёсї» максади асосии хизби сиёси иштирок дар хаёти сиёсии чомеа бо воситаи ташаккули иродаи сиёсии шахрвандон мебошад

         Фаъолити ҲНИТ бошад њамеша аз фитнаву бадбинињо нисбат ба њукумат ва давлат мебошад. Бо ин қаноат накарда дар охир ҲНИ ањдшиканї кард. Рӯ ба силоҳу яроқ овард ва ба созишномаи сулҳ зарба зад.

         Фаъолияти ҲНИ-ро  ҳамчун фаъолияти ифротгаро ва террористӣ маҳкум мекунем.

Шамсидинов Абдулло,
муаллими калони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *