Ғалабаи беназир бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дўстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст.
Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаро ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони бонангу номуси худ дар роҳи озодӣ ва ҳимояи Ватан ҷашн мегиранд.
Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон ҷашни таърихии Рўзи Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиш аз корномаҳои неки иштирокчиёни ин набарди хонумонсўз ёд мекунанд.
Мо шукргузор ҳастем, ки Шумо – собиқадорони муҳтарам дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона размида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомўзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ саҳмгузор ҳастед.
Садҳо кўчаву хиёбон ва лавҳаҳои ёдгорӣ ба ифтихори сарбозону афсароне, ки дар ҷабҳа матонату мардонагӣ нишон додаанд, инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд, номгузорӣ гардида, ба зиёратгоҳ ва ба василаи тарбияи ватандўстии ҷавонону наврасони кишвар табдил ёфтаанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рўбарў гардид, ки азияташ то имрўз идома дорад.
Вазнинтарин талафоти ин воқеаи мудҳиш, ки доимо пеши назарамон меояд, ин қариб аз 300 ҳазор нафар фарзандони ба ҷабҳаи набард фиристодашуда барнагаштани 100 ҳазор нафари онҳо мебошад, ки ҷои онҳо то имрўз холист, вале номи некашон дар қалбҳои мардуми сарзаминамон зинда мебошад.
Ба муносибати таҷлили ин ҷашни бузург дар ДИС ДДТТ чорабинии идона баргузор гардид. Баромади рангини донишҷўён бо суруду рақсҳои дилнишин хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.