ҚОНУН БАРОИ ҲАМА ЯК АСТ – ҲАР КӢ ГУНАҲГОР БОШАД

 

Чуноне, ки мо огаҳӣ дорем вақтҳои охир дар расонаҳои хориҷи кишвар оид ба фаъолияти Иззат Амон сару садоҳои зиёд рӯи кор омада истодааст. Бо назардошти таҳлилҳо Иззат Амон аз қабили он гуна инсонҳост, ки сиришташ сар то по фиребу найранг аст. Тибқи маълумотҳои расмӣ Иззат Амон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русия, бо қарори додгоҳи шаҳри Москва аз ҳудуди Федератсияи Русия ронда шуд. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии мамлакат барои ҷинояти қаллобии худ боздошт гардид. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Иззат Амон қатори хоинони миллат чун Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин дар руйхати сиёҳ қарор дорад. Ин гуна одамон барои худашон чоҳ мекобанд, ки дар интиҳо худашон ба он меафтанд. Чоҳкан зери чоҳ аст. Ҳақиқат талх аст, вале қонун барои ҳама як аст.

Махсусан аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунем, ки даъвати душманону хоинони миллатро шадидан маҳкум намуда, фирифтаи онҳо нагарданд.

Мо боварӣ ҳосил намудем, ки чунин одамони қаллоб, фиребгар чун Иззат Амон аз бехабарии мардум ва муҳоҷирон аз асли воқеа истифода мебарад. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин афрод бар зарари ҷамъият аст.

Қонун барои ҳама як аст – ҳар кӣ гунаҳгор бошад, дар назди он ҷавоб мегӯяд ва ҳар кӣ бегуноҳ аст, сиҳату саломат ба назди фарзандону пайвандонаш бармегардад. Дар нисбати Изат Амон низ инро касе бекор накардааст!

        Умуров Х.-омӯзгори кафедраи

забонхои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *