Изҳороти кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ оид ба баромадҳои иғвоангези Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои  иҷтимоӣ.

 

Мо кормандони шуъба оид ба баромадҳои иғвоангези наҳзатиҳо ба мисоли аз собиқ аъои ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ибрози андеша намуда, қайд менамоям, ки ӯ имрӯзҳо дар хориҷи кишвар амали решаҷӯиву ҳаво додани кинаву адоватро ба ҷомеаи тоҷикон вазифаи худ дониста, бо забони пур зидди давлату миллат ҳарф мезанад. М.Садриддин  гумон намекунад, ки рӯзе не рӯзе ҳатман хиёнату разолат ва ҳаромкориҳояш ифшо мегардаду мардум аз кӣ ва чӣ будани ин хиёнатпешаву ташкилоти хунхорашон боз амиқтар огоҳ мегарданд. Ҳар амр дар ин замина метавонад ба таъмини суботи сиёсӣ халал расонад ва дар вайрон кардани фазои сулҳу оромиш чорасоз бошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар филмҳои мустанади “Хиёнат” ва “Бешарафӣ” наҳзатиён, ки имрӯзҳо худро яке аз муборизони сохти конститутсионии Тоҷикистон ва ҷабрдида унвон медиҳад, равшан аён мегардад ва М.Садридин як бахтбохтаву гумроҳе будааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ харидорӣ гардида, чанд сол дар зери иҳотаву супоришҳои онҳо нақши занонаро бозидааст. Бо вуҷуди ин далелҳо мавсуф боз ба фиребу найранги омма машғул гардида, мардумро бо пеш овардани сураву оятҳо аз дини мубини Ислом ба гумроҳӣ кашида, моли онҳоро муфт хӯрданист. Мо ҷавонон бо истифода аз фурсати муносиб ба офарандагони филмҳои ҳуҷҷатӣ  бори дигар изҳори сипосмандӣ менамоем. Зеро онҳо тавонистанд бо пешниҳоди далелҳои раднопазир симои манфуру разилонаи наҳзатиён, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддинро маълуму аён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *