Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нисбати рафтору кирдорҳои Иззат Амон

 

Мо омӯзгорони кафедра, доир як афроде, ки солҳои тӯлонӣ дар хориҷи кишвар-Федератсияи Русия чун муҳоҷир ва сониян шаҳрванд истиқомат карда, ба амалҳои номатлуби даст задааст, ибрози андеша мекунем.

Бояд қайд кард, ки дар ҷомеаи мо нафарон кору фаъолият доранд, амалҳояшон ғайримуқаррарист, рафтору кирдорашон ғайриодамист. Иззат Амон аз қабили ин гуна одамҳост, ки зери чеҳраи бегуноҳаш қолабе вуҷуд дорад, ки сар то по фиребу найранг аст. Марги ин гуна инсонҳост, ки аз  Россия истода бо роҳи фиребу найранг дар шаҳри мусофири ҳаммиллати хешро фиреб медиҳаду ғорат мекунад. Ҳол он, ки мардуми мо бо умед ба сӯи Русия барои беҳтар намудани зиндагии худ мераванд. Бо баробари ин Иззат Амон вақтҳои охир чун наҳзатиён дар як муддати кутоҳ бо ташвиқоти бардуруғ ба танқиди кишвари мо машғул буд. Дар урфият мегӯянд, ки давидани гӯсола то каҳдон аст. Дар охир Иззат Амон беиззат шуда дастгир шуд. Ҳақиқат талх аст, вале қонун барои ҳама як аст ва бигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад зеро вай ба ин сазовор аст. Ва ин амали вай ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоне, ки ба ин кор машғуланд оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Зеро ҳақиқат ҳамеша ғолиб меояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *