ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ доир ба фиребу найрангбозиҳои Иззат Амон

Мо устодони кафедра тариқи расонаҳои хабари огаҳӣ дорем, ҷавонони кишварамон дар шаҳрҳои Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бештари онҳо ба афроде бо номи Холов Иззатулло Амонович, ки ҳоло бо номи Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёд мешавад, ба доми фиребаш афтодаанд. Хотирррасон мекунем, ки Иззат Амон яке аз шогирдон ва ҳаммаслакони нави ТТЭ ҲНИ Иззат Амон мебошад, ки аз қабили онгуна инсонҳост, ки сиришташ сар то по фиребу найрангбозист.
Номбурда асосан дар шаҳри Москва бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ кардааст. Вале кори онҳоро ҳал накарда, ба яғмо бурдааст. Умуман мақомотҳои дахлдор бештар фиребҳои Иззат Амонро ошкор кардааст.Чунончӣ, Иззат Амон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русия, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз ҳудуди Федератсияи Русия ронда шуд. Баробари ин бояд қайд кард, ки Иззат Амон барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо назардошти далелҳои раднашаванда ба мӯҳлати 9 сол ӯ аз озодӣ маҳрум шудааст. Хулоса мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунем, ба қадри некӣ ва бадӣ расем. Ба ҷавонон низ фаҳмонем, ки дар оянда фирефтаи чунин қаллобон нагарданд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *