Санаҳои 15-16 июн дар Донишкада конференсияи илмӣ-методии сатҳи байналмилалидошта таҳти унвони “Баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси ҷорӣ намудани принсипҳои раванди Болонӣ”баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани конференсияи илмӣ-методии мазкур баррасии самтҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён, истифодаи принсипҳои раванди Болонӣ ва дар ин замина азнавтакмилдиҳии барномаҳои таҳсилот ва нақшаҳои таълимӣ мебошад.
Ҷоизи қайд аст, ки дар Донишкада соли дуюм аст, ки лоиҳаи грантии “Самтҳои стратегии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ” дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, татбиқ мегардад. Конференсияи мазкур як қисми ҳамин лоиҳа буда, он бомуваффақият татбиқ гардида истодааст.
Конференсияро Директори донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ифтитоҳ бахшида, ба ҳозирин ва иштирокчиён дар кори конференсия комёбиҳо таманно намуд.
Дар идомаи сухани ифтитоҳии худ директори Донишкада баргузории конференсияи байналмилалиро ҳамчун дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос арзёбӣ намуда, дар ин замина барпо шудани ҳамкорӣ ва шарикиро байни донишкадаву мактабҳои олии мамолики хориҷи кишвар айни муддао ҳисобид ва бо истифода аз фурсати муносиб ба намояндагон ва роҳбарияти донишгоҳҳои шарик барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳои донишкада, махсусан барои ташкили сафарҳои устодони донишкада ба ин давлатҳо барои коромӯзӣ, мубодилаи таҷриба ва мусоидат намудан дар азтакмилдиҳии барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ изҳори сипос намуд ва таманно намуд, ки чунин ҳамкорӣ минбаъд низ идома ёфта, барои такмили сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси барои шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мусоид заминаҳои хуб ба вуҷуд меорад.
Дар кори конференсияи мазкур тавассути пайвастшавӣ тариқи zoom. намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла муовини Вазири маориф ва илм Қодирзода Диловар Баҳриддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, координатори лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҳалим Азиз баромад намуданд.
Ҳамчунин вобаста ба мавзӯи конференсия шарикони хориҷӣ, олимон ва намояндагон аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар бо маърӯза ва презентатсияҳои худ иштирок намуданд. Аз ҷумла, муовини ректори Донишгоҳи Окани Истанбул профессор Гунер Гурсой, декани факултети педагогии Донишгоҳи Окан профессор Айтач Гёгуш, профессор Атанур Баскан, омӯзгор Бурак Калагай ҳамчунин аз Донишгоҳи Окан, аз Донишгоҳи илмҳои амалии Финляндия – Элина Вайнио, координатори мубодилаи байналхалқӣ, Йоханна Лахти – менеҷер оид ба рушд, Санна Эронен, мутахассис оид ба хизматҳои марбут ба карера, инчунин аз Донишгоҳи кооператсия, иқтисодиёт ва ҳуқуқи Белгород Тарасова Т.Ф. ширкат варзиданд.
Дар конференсия баррасии муаммоҳои муҳими марбут ба ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ба раванди таълим бо назардошти таҷрибаи донишгоҳҳои Аврупо, муайян намудани самтҳои такмили методикаи таълим ва баланд бардоштани тахассусии ҳайати профессорону омӯзгорон дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиониву рақамӣ – таҷҳизонидани лабораторияҳои таълимӣ ва синфхонаҳо, ҳамкории донишгоҳҳо бо кордиҳандагон дар масоили такмили барномаҳои таҳсилот ва нақшаҳои таълимӣ, инчунин бо кор таъминшавии хатмкунандагон-иқтисодчиён амалӣ гардид.
Аз олимони ватанӣ устодони донишкада муовини директор оид ба илм ва инноватсия дотсент Мирпочоев Д.А. бо маърӯзаи худ “Направления улучшения качества подготовки выпускников (на примере ИЭТ ТГУК)”, дар кори бахшҳо устодон дотсент Салимов И.И., Абдураҳмонова М.З., Комарова А.И., Рахматова З., Кобилов Ш. ва Кучкоров И. бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Вобаста ба баромадҳо иштирокчиёну ҳозирин суолу ҷавоб баргузор намуданд ва дар робита ба муаамоҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки баргузории чунин онлайн-конференсия бо иштироки экспертону мутахассисон аз мамлакатҳои хориҷи кишвар бори нахуст набуда, дар донишкада гузаронидани ин гуна конференсияву форумҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст.