“ВАҲДАТ – ПОЯИ РУШДУ СУБОТИ ҶОМЕА”

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдат – пояи рушду суботи ҷомеа” баргузор гардид. Дар он олимон, устодони донишкада ва намояндагон аз донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров иштирок намуданд.

IMG_6375
IMG_6387
IMG_6392
IMG_6398
IMG_6405
IMG_6421
IMG_6431
previous arrow
next arrow
IMG_6375
IMG_6387
IMG_6392
IMG_6398
IMG_6405
IMG_6421
IMG_6431
previous arrow
next arrow

Чорабинии илмиро директори Донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ифтитоҳ намуда, дар бораи арзиши Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти тақдирсози он сухан кард. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки ин воқеаи таърихӣ, ки бо кӯшишу талошҳои қаҳрамононаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд, ҳаёти имрӯзаи осоиштаву хушбахтонаи моро таъмин гардонид, ки ин худ неъмати бузург аст.

Директори донишкада гуфторе аз суханрониҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Сипас дар тақвияти он қайд намуд, ки воқеан асоси ҷамъият дар пойдории сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд мегардад.

Сипас, директори донишкада суханро ба меҳмони мизи мудаввар – устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, мудири кафедраи “Таърихи Ватан ва археология” Исоматдинов Ҷ.Б. дод.

Исоматдинов Ҷ.Б. дар баромади худ “Роҳҳои ташаккул ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ” аз нобасомониҳои солҳои навадум сар карда, то расидан ба созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ шарҳи воқеот намуд. Маърӯза аз рӯйдодҳои фоҷианоки ҷанги шаҳрвандӣ, қурбониёну муҳоҷирон, талафоту зарарҳои моддиву иқтисодӣ, пастравии иқтисодиёт, қафомонӣ дар ҳамаи соҳаҳо, расидан ба сатҳи баланди камбизоатӣ ва ғ. дарак дода, пас аз он оид ба  ислоҳи мушкилоти онвақта ва дастовардҳои пас аз бастани созишномаи сулҳ ноилгардида маълумот пешкаш гардид.

Бо маърӯзаи худ мудири кафедраи назарияи иқтисодии донишкада профессор Азимов А. зери унвони “Ваҳдати  миллӣ – эҳёи навини халқи тоҷик” баромад намуда, оиди хизматҳои шоистаи давлат дар барпо намудани сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоиштаи халқи тоҷик баромад намуд. Профессор Азимов А. аз ҷумла таъкид сохт, ки дар бунёди ҷомеаи босаводу солим саҳми ҳар як фард, махсусан устодон муҳим аст, ки барои боздоштан аз ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову экстремистӣ саҳмгузор шуда метавонанд, зеро тарбияи солими насли оянда ҷузъи фаъолияти устоду муаллим мебошад.

Устоди кафедраи ҷомеашиносӣ Ибодуллоев А. дар мавзӯи “Аҳамияти сиёсии Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони соҳибистиқлол” маърӯза намуда, аз таърихи баста шудани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳми Пешвои миллат дар бастани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, саҳму талошҳои сарвари давлат сухан кард. Ӯ махсусан оид ба ривоҷ додани тафаккури солиму созанда дар ҷавонон таъкиҳо намуда, аз ҷумла иброз дошт ки маҳз саводу илм ҷавонони имрӯзаро ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори донишкада ба ҳозирин барои иштирок ва баромадҳои пурмӯҳтаво арзи сипос намуда, ба ҳамагон комёбиҳо орзу намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *