ҶОМЕАРО ЗАРУР АСТ, КИ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БАРАД!

        Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Тиқи расонаҳои хабарӣ маълум аст,ки имрӯз дар ҷаҳон 80 ҳизбу гурӯҳи гуногуни исломӣ,мақсадашон бо роҳи ҷиӯоду зӯроварӣ ғасб кардани қудрату давлат дар ҷаҳон аст,фаъолият дошта, ҳар кадом дар ин ё он кишвар ба қатлу куштору даҳшатафканӣ миёни мардум ва паҳн намудани ақидаҳои зидибашарӣ машғуланд. Масалан созмону ҳаракат ва гурӯҳҳову равияҳо, аз қабили  ДИИШ, Ал-Қоида,  “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.

         Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдаконро дарбар мегирад. Бадбахтӣ ва аз ҳама нанговар ин аст, ки падидаи номатлуб дар доираҳои ҷосусии кишварҳои манфиатдор ва лӯхтаккишварҳои исломии бозичаи дасти ин кишварҳо бо номи террористӣ исломӣ, экстремистӣ динӣ ва ғайра ёд шуда, қатлу ғоратихуди мусулмонон бо дасти ҳамин лӯхтакҳо ва манқуртҳо амалӣ шуда, нооромии ҷомеа ва кишварҳо, тарсу ҳарос, гуреза ва дарба дар кӯ ба кӯшудани мардум мегарданд. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва  имруз бошад дар Афғонистон мебинем. Дар ду соли охир ин ҳолат бештар дар Афғонистон ба назар мерасад, ки асосан ДИИШ аз вазъияти кунунии  Афғонистон  истифорда бурда, имрӯз фаъолияти ошкоро дошта, афзои ин кишварро мураккабтар намудааст.

        Хулоса, мубориза бо террорим ва экстремизм фароҳам овардани   фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм қаблан “Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016 – 2020” қабул карда буд. Илова бар ин, барои боз ҳам пурзӯр намудани муқовимат бо терроризму экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйиру иловаҳо “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ шудааст. Бояд қайд кард,ки стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

         Дар фарҷоми андешаи хеш ва аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

 

Р.РАҶАБОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *