Сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияи инноватсионӣ
(корманди шўъбаи кадрҳои донишкада)-
Мамадҷонов Ф.С.
Туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милл-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Ба азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди пешвои маҳбуби мамлакт Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Истиқлолияти муқаддаси мо ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Президенти мамалакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, тақвият ёфта, кишвари азизамон рўз аз рўз рушди тоза меёбад. Бо баробари муваффақиятҳо, имрўз мутаассифона, қиёс ва натиҷагирӣ аз ҳолати рушди фазои эътиқоди динӣ нигаронкунанда аст. Ба ҷомеаи кушоди мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд.Таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, суиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрўзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пуштибонӣ аз ҳар гуна мазҳабу равияҳо ба назар мерасанд.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳамагон шуда, ин ду мафҳум ба ҳам тавъалӣ доранд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо байни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпарасту тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор, осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он маҳсуб меёфт, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳамзамон ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои мухталиф андешидаву, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд.
Омӯзиши ин мавзўъ дар пажўҳишоти зиёди илмии таҳлилгарон, олимону сиёсатмадорон мавриди баррасӣ қарор гирифта проблемаи мазкур онро тақозо дорад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шаванд. Зеро ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки теъдодан афзунӣ дорад. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, вобаста ба афзудан, густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананду менависанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Дар замони мо кўшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон бахусус, сиёсатшиносону, рўзноманигорон экстремизм беш аз ҳама дар самти фаъолияти динӣ дар тамоми гўшаву канори сайёра рўи кор меояд.
Сабабу решаҳои ин падидаи номатлуб дар чист ва омилу ангезишҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол посухи дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол, баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст,аз ҷумла:
-Афзудану густариши ҳисси адами итминон ба фардо, яъне ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ;
-Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ-глобализатсия олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи ниҳоии он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад;
– Омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкиду мушаххасан рўшанӣ мебахшад. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ собит менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” ва ғайраҳо, ки рўйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустўҷў қарор доранд ва ё аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ё аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд. Дар ин хусус метавон чандин мисол овард. Чунончи, тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрўз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқўъ пайвастаанд. Ҳоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад. Дар ин хусус иқдомҳои террористӣ дар Филиппин, соҳилҳои Яман ва манотиқи мухталифи дигар гувоҳӣ медиҳанд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо маблағ меистанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гуруҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин, гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия аз ҷумла: шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд…
Тибқи иттилои воситаҳои ахбори оммавӣ- сиёсӣ ва сохторҳои қудратӣ дар ҷумҳурӣ 14 гуруҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб ва гуруҳҳои экстремистӣ – ифротии тундгаро дар қаламравӣ кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз номи гурўҳи давлати Исломии Шому Ироқ меҷанганд, муайян гардида, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Нисбат ба сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои араб ва дигар давлатҳои исломӣ таълимоти динӣ мегиранд, ҳаминро бояд иброз намуд, ки аксари онҳо баъди баргаштан ба Ватан, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавии исломӣ ва ғайримазҳабӣ, аз ҷумла ҷараёнҳои “Ваҳҳобия”, “Салафия” ва ғайраҳо оғоз намуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бекор зиёд намуда истодаанд. Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18- сола ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми ҷараёнҳои террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври восеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани шаҳрвандон аз ин вабои аср мақомотҳои қудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз 1190 нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар сафҳои созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд ва нисбати онҳо тафтишот бурда шуда истодааст.Зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ муҳим аст.