ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СОҲИБКОРИИ ДИС ДДТТ БА АЪЗОЁНИ ҲИЗБИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТИИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

Мо, аҳли ҷомеаи  Донишкадаи  Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  фаъолияти ҳамагуна пасипардагии Ҳизби ғайриқонунию экстремистиву террористии Наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум намуда, ба тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохил ва хоричи кишвар зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд, муроҷиат менамоем:
Дар бораи тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти даврӣ кайҳост, ки баҳсу мунозираҳо оғоз шуда буданд, аммо, ин мафҳум ба мардуми тоҷик ошно набуд. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамоно калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисахои хатарнокро дошта, баробари шунидани он дар вуҷуди онҳо ҳамоно эҳсоси хатар, эхтиёт ва инкор зоҳир мешавад.
Ҳарчанд мо ҷавонони даврони истиқлолиятем, аммо таҷрибаи зиндагӣ нишон дод, ки ҳамаи амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзои Ҳизби экстремистиву террористии Наҳзати исломии Тоҷикистон бешубҳа мушоҳида гардиданд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон шароити мусоидро фароҳам сохтааст.
Вақтҳои охир дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса миёни тамоми хосу ом қарор гирифтааст.
Фаъолияти ғаразноки онҳо аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тунрав шомил шуданд. Ҳатто бо даъвати худ онҳо ҷавононро гумроҳ намуда, бо ҳамин роҳ фирефтагони хешро ба давлати чангзада сафарбар менамуданд, ки дар натиҷа, даҳҳо ва садҳо кӯдаконро бепадару модар намуда, хазорон оиларо аз байн рабуд.Зеро онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, хадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломй”-ро доштанд.
Дар хулосаи ин изҳорот, мо ҷавонон таъкид менамоем, ки ба ҷахолату вайронкориҳои ҲЭТ НИТ маърифату бунёдкориро муқобил гузошта, гуфтугӯи тамаддунҳо, вахдату ҳамадилӣ ва ягонагиро ба роҳ мемонем.
Ба чои падидаҳои номатлуб ҳамдилӣ, вахдату ягонагиро новобаста аз дину мазҳаб ва миллату халкиятҳо дар миёни тамоми кишрҳои ҷомеа берун аз дину мазҳаб ва миллат, арзишҳои олии маънавӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, вахдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда,аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён мебардорем. Нерӯи зеҳнии хешро бар зидди акидаҳои бегонапарастӣ равона намуда, барои ободиву оромӣ, тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат талош хоҳем намуд.

Аҳли ҷомеаи кафедраи
                                                                                      иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *