Муҳити сиёсии ҷаҳони имрӯза дар муқоиса бо тамоми давраҳои таърихи башарият хеле ҳассос ва хатарпазир гардидааст. Бегумон ин ҳолат ба чанд омил иртиботи мустақим дорад. Пешрафти бемайлони технология, ихтирои василаҳои муоширати осону озоди электронӣ, сохтану паҳншавӣ ва таҳдидҳои навъҳои гуногуни яроқи оташфишон, инчунин зуҳури ҳаракатҳои шадиди нажодиву миллӣ ва диниву мазҳабӣ руҳи ороми ҷаҳонро ба ларза даровардаанд. Агар инсоният бо пешбурди истеҳсолоту саноат ва кашфу тадқиқи кайҳон вазъи экологии сайёраро вайрон карда, боиси тағйири иқлим гардида истода бошад, боз ҳам худи ӯ бо пайдоиши акидаву таълимотҳое машғул аст, ки фазои маънавии оламро ба куллӣ дигаргун месозанд.
Мо, ҷавонони даврони истиқлолият, сабақи ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, парчамбардорӣ, ҳуввияти миллӣ ва садоқат ба ватанро аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меомӯзем ва бар зидди ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундараву ғайриқонунӣ мубориза мебарем. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ягон ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ғайриқонунӣ, аз он ҷумла, Ҳизби экстремистиву террористии Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҷомеаи орому осудаи моро халалдор карда, бо ҳадафҳои нопоки худ ҷавонони моро гумроҳ карданӣ ҳастанд, мубориза барем. Ҳеҷ вақт, намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ҲНИТ ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба торуморшавӣ, ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гардад!
Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИТ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гуруҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзалати худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон туҳмату буҳтонҳои беасос изҳор менамояд.
Мо, донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.
Мо, пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ҲНИТ ва гуруҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем.
Ҳар яки моро месазад, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз ҳодисаҳои дунё таҷриба гирифта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми беандозаи худро гузорем
Хулоса, хар яки мо бояд хуб дарк намоем, ки рохи фардои мо на ба сӯи ҷахолат, низоъхои иҷтимоӣ, якдигарнофахмӣ ва бесару сомонист, балки роҳи пойдор намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият ва илму маърифат аст.
Созмони ҷавонони ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд