ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ оид ба баромадҳои беасосу бемантиқи иғвогаронаи М.Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъба, зимни изҳоротҳо борҳо нисбати бадхоҳону хоинони миллат андешаҳои худро иброз намуда будем. Ин навбат вобаста ба баромади Муҳаммадиқболи Садриддин, ки як узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад, андешаамонро иброз медорем.

Мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он гардидем, ки ҳафтаи аввали моҳи апрели соли равон дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” Муҳаммадиқболи Садриддин чун баромадҳои қаблиаш худро “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале бар хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ баромад намуда, нисбати фаъолияти роҳбарияти кишвар ғайбату тўҳмати беасос намуд. Баробари ин, оид ба таҷлили ҷашни Наврузи байналмилали-2023 ва масоили маблағи хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии  кишвар бо шарҳу эзоҳи ифротӣ, бо таври худ сухан ронд,  ки он ягон асосе надорад.

Дар атрофи баромадҳои навбатии ин хоини миллат андеша ронда, қайд менамоем, ки дар моҳи шарифи Рамазон М.Садриддин ғайбату туҳмат намуд ва ҳаракатҳои ғайриқонунии худро анҷом дод.Хонандаи закӣ дуруст дарк мекунад, ки дар моҳи Рамазон ,  ҳар фарди солим кадом амалҳоро ба сомон расонад?!

  Таъкидан ба М.Садриддин гуфтанием, ки моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо, ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст. Вале, М.Садриддин бошад бараъкси ин. Ҷавононро дар роҳи ғафлат ва гумроҳӣ бурдан  даъват менамояд, ки  ин гуноҳи бузург аст!

Хулоса, мардуми кишвар аллакай аз ҳилаю найранги Муҳаммадиқбол хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ў эътибори ҷиддие намедиҳанд.

Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, мо кормандони шуъба  дар интиҳои изҳороти хеш ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар хоҳем намуд. Тоҷикистон, ба пеш!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *