СУХАНҲОИ БАРДУРУҒУ ФИТНАҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир дода, бо ин роҳ кӯшиш мекунанд, таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки қаблан «Ахбор ком» номи худро ба «Ислоҳ нет»-и ифротӣ табдил дода, алҳол барои дарҷ намудани хабарҳои бардурӯғи ифротӣ амал мекунад. Баробари ин бахусус ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ашӯров Ҳусейн ва ҳамақидаи наҳзатиён Беҳрӯз Тағойзодаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳояшонро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин хоинони миллат миллат дар барномаҳои ифротии “Пайванд” “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва “Садоми мардум” баромад намуда, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Ин хоинон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ин кӯрони фонусбадаст мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Ба ин хоинони давлату миллат суол ба миён меояд! Бо ин дасисаву суханбозиҳо чӣ мехоҳед? Мард бояд якрӯву якзабон бошад! Шумо чанд рӯву чанд забон доред? Агар мардона рафтор мекардеду миёнбанди тоҷикона дӯхташударо маҳкамтар мебастед, дар паҳлӯи мардони майдон истода, ба ояндаи кишвари хеш тамоми ҳастии худро ба ободии рӯзгори мардуми хасташуда сарф мекардед. На гурезаву сарсону дарбадарӣ, мисли гадоён.
Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон боақлу тамизанд, кӣ будани шуморо медонанд,. Шиори онҳо «Ба Ватани худ хизмат мекунаму обод менамоям!» аст.
Бо ифтихор қайд менамоем, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҷавоби ҳамаи ин ғамхориҳои давлату ҳукумат моро мебояд, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби аср, бар зидди онҳое, ки мухолифи давлату миллати мо ҳастанд мубориза барем. Амалҳои тӯҳматбори хоинони миллатро маҳкум намуда, барои ҳифзу ҳимояи кишвари худ минбаъд низ саҳми сазовор хоҳем гузошт.

Х.УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *