Ҳоли ӯ чун ранги буқалмун набошад як ниҳод…

«Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ  Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар  Фейсбук  ниҳодааст, бӯкаламунро ба ёд меорад». Ин андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба нашр расидаанд, ки бозгӯи фаъолияти роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар мебошад.

Дар идомаи матлаби хеш Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таъкид менамояд, ки: “Соли 2018-и мелодӣ соли хайру барака, соли пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон буд. Дар ин сол бисёр ободкорию созандагиҳо  рӯи кор омаданд, бо ташаббус ва таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди таърихӣ дар арсаи чаҳон амалӣ гашта,  иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба фаъолият шурӯъ кард. Ин рӯзи муборакро тамоми давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи дунё ва инсонҳои бузурги олам барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик муборакбод гуфтанд, аммо хоинони миллат ангушти ҳайрат газиданд”.

Имрӯзҳо мо  шоњиди он мешавем, ки насли ҷавони тоҷик ва дигар тоифаи аҳолӣ бар он назаранд, ки ҲНИ сабабгори бисёри бадбахтиҳо мебошад, ки бо ҷавонони тоҷик  дар дохили кишвар ва дар хориҷ рӯх додааст. Пеш аз ҳама гуреза шудани шумораи зиёди ањолии Тоҷикистон, баъдан кушта шудани ҷавонони мо дар ҷанги шаҳрвандӣ, ба равияҳои экстремистӣ пайвастани шумораи зиёди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба мањбас кашида шудану гуреза шудани онњо ба кишварњои Аврупо, сабабгор танҳо ҲНИ мебошад.

Мо боисрор гуфта метавонем, ки ҲНИ аз хориҷи кишвар маблаггузорӣ мешуд ва маќсади онњо барњам задани сулњу субот дар кишвар буд ва њоло њам чунин нияти бадро нисбати Тоҷикистони азиз доранд, чунки барои онҳо давлату миллат арзиш надорад, танҳо маблаѓи хоҷагон ќадр дораду бо супориши онҳо амал мекунанд.

Дар идомаи матлаби худ сархатиби вилояти Суғд табрикоти раиси ТТЭ ҲНИ ба муносибати соли нави милодӣ маҳкум намуда, зикр менамояд, ки роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар Фейсбук  ниҳодааст, бӯкаламунро ба ёд меорад. Буқаламун ё худ ҳирбо   навъе аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм аст, ки ранги пӯсти худро вобаста ба  муҳит дигар  мекунад. Тавре Носири Хусрав гуфтааст: «Ҳоли ӯ чун ранги буқалмун набошад як ниҳод…».

Албатта, дигар ҳоҷат ба шарҳи калимаи буқаламун нест ва ҳама шаҳрвандон хуб дарк карданд, ки буқаламун чи зарар ва бадбахтиҳо ба сари миллату давлат меоварад. Пас мо бояд ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расем ва фирефтаи афкори бадхоҳон ва ашхоси дуруяву фитнагар нагардем.

Шукр, дар кишвари соҳибистиқлоли мо тоҷикон тинҷиву осудагист. Ҳар субҳу шом кишвари мо бо корҳои созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯњтарам Эмомалӣ Рахмон гул-гул мешукуфад ва ободтар мегардад. Касе бо касе дар фикри бадиву душманӣ нест, сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад.

Ҷалолиддин Ҷӯраев,
мудири шуъбаи бақайдгирии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *