9-уми августи соли 2024 ҳайати кории донишгоҳи шарики ДИС ДДТТ аз Донишгоҳи омӯзгории Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Ҳайати мазкурро дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон директори донишкада Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол, муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва илм Далерҷон Мирпочоев ва роҳбари Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ Саидқосим Мухторов истиқбол гирифтанд. Директори донишкада Ҷалилзода А.А. ба ҳайати намояндагон таманниёти нек изҳор намуда, аз аҳамият ва таъсири Коргоҳи Мозӣ ба робитаи илму амалия ёдовар шуданд. Ӯ, инчунин, зикр намуд, ки ин коргоҳ метавонад ҳам ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳам ба ҷомеаи Чин натиҷаҳои мусбиро оварда, дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мустаҳкам намояд. Билохир, дотсент Ҷалилзода А.А. омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи омӯзгории Шэнян ва пешбурди ҳадафҳои Коргоҳи Мози изҳор намуд.
Намояндагони ҳайати Чин профессори факултаи санъат Ван Сяодун ва ҳамоҳангсози Коргоҳи Мози дар Чин хонум Сяойи Ли барои пазироии гарми онҳо дар шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдории самимӣ намуданд. Инчунин, онҳо дар бораи интизориҳои худ оид ба семинари дарпешистодаи Коргоҳи Мози гуфта гузаштанд.
Пас аз вохӯрӣ аз ҷониби роҳбари маркази байналмилалии донишкада Саидқосим Мухторов дар бораи фаъолияти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешкаш карда шуд. Пас аз муаррифӣ ҳайати кории номбурда аз Донишгоҳи омӯзгории Шэнян аз бинои ДИС ДДТТ дидан карданд. Онҳо, аз ҷумла, аз озмоишгоҳи муштараки кишоварзии рақамии ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ба наздикӣ ба кор даромада буд, дидан карданд. Ба ҳайати чинӣ лавозимоти муосири таълимии бонкӣ, криминалистӣ, гумрукӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ нишон дода шуданд.