Истиқлолият аст, ки имрӯз халқи тоҷик дар интихоби дини худ низ озод аст, ки барои тарбияи сиёсӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳии ҷавонон ва пойдории миллат арзиши бузурге дорад.
Имрӯз аксари аҳолии Тоҷикистон аҳли ислом ҳастанд. Ин нишондод яке аз омилҳои пойдории ваҳдати миллии тоҷикон гардидааст. Медонем, ки то даврони истиқлолият пайравӣ кардани ин ё он дин, аз он ҷумла, дини мубини Ислом маҳдудияти бисёре дошт. Имрӯз бошад, шукрона, сиёсати озодии ақидаву тарбияи худогоҳӣ пойдор аст. Китоби Қуръони Карим, китобҳои таълимиву маърафатии динӣ бо забонҳои гуногун нашр мешаванд. Дар саросари Тоқикистони азизамон дари масқидҳои бисёре ибодат кушода аст.
Аммо, дар байни ҷомеа ҷавононе вомехӯранд, ки зери таъсири душманони ислом ва душманони миллати тоҷик монда, ин неъматҳои беҳамтои Истиқлолиятро нодида гирифта, бегонапарастиро пеша кардаанд. Онҳо таълимоти Ҳанафиро пайравӣ накарда, ба ваҳдати милливу динии миллат тафриқаҳо андохта истодаанд, ки чунин рафтор хатари бузурге дорад. Ин масъала имрӯз бисёр муҳим буда, тақозо мекунад, ки ҳар як фарди тоҷик, хусусан, ҷавонон бояд нисбат ба он мавқеи бетарафиро ишғол накарда, ҳиссаи худро барои пойдории Ваҳдати миллӣ ба қадри имкон гузоранд. Яке аз сабабҳои пайдошавии тафриқаҳои динӣ дар байни ҷомеа ин паст будани маърифату маънавиёти сиёсӣ ва динии мардуми алоҳида хусусан ҷавонон мебошад.
Душманони миллат асосан дар байни ҷавонон бо истифода аз паст будани маърифати сиёсиву динии онҳо ва каҷфаҳмонии арзишҳои ноби исломӣ фикрҳои экстремистии гуногунро, ки он аз бадбинии ҷамъият, Ҳукумату давлат, падару модар, одамони атроф, ношукрӣ, инкори арзишҳои дунявӣ ва ғайра иборат мебошад, паҳн мекунанд. Вақте ки ягон шахс ё ҷавони дониши кифояи исломӣ надошта зери таъсири таълимоти бегона мемонад, аз сабаби заиф будани дониш ва тафаккури сиёсиву динӣ зуд онро қабул карда, маълумоти гирифтаашро дуруст ва ҳақиқӣ мешуморад ва онро бо дигар маълумоте, ки аз падару модар ё наздиконаш гирифтааст, муқоиса намуда, ба тафриқа дучор мешавад. Пеш аз ҳама, хатарноктаринаш он аст, ки ӯ ба тафриқаи фикрӣ ва рӯҳӣ гирифтор мешавад ва барои аз ин варта халос шудан ба амалҳои гуногуни экстремистӣ қадам ниҳоданашро нафаҳмида мемонад. Имрӯз бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифату маънавиёти сиёсӣ ва динӣ мубориза бурдан мумкин аст.
Барои душманро мағлуб кардан бо силоҳе ҷангидан мумкин аст, ки он аз силоҳи душман мукаммалтар ва пурқувваттар бошад. Бе баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, яъне, танҳо бо маърифати динӣ ба натиҷаи зарурӣ муваффақ шудан номумкин аст. Баробар баланд бардоштони маърифати сиёсиву динӣ барои ҳама зарур аст.
Дар ҳар давру замон, дар ҳар кишвар пешравиҳо ва норасоиҳо ҷой доштаанду доранд. Нотавонбинон ҳеҷ гоҳ муваффақиятҳои бадастовардаи моро эътироф намекунанд ва фақат бо нишон додани камбудиву норасоиҳои муваққатии ислоҳшаванда ақидаи ҷавононро вайрон кардани мешаванд. Агар шахс маърифату маънавиёти кофии сиёсиву динӣ дошта бошад, бо ин афроди дорои тафаккури душманона рӯ ба рӯ шавад, мақсади ҳарифро тез мефаҳмад ва ба даъвоҳои ӯ арзишҳои сиёсиву динии азхудкардаашро муқобил гузошта, худро ҳимоя карда метавонад.
Бо як сухан, бемайлон баланд бардоштани маърифату маънавиёти ҷомеа омили пешгирии экстремизму падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аст.
Ҷалолова Ф.А.
н.и.ф., дотсентикафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Медонем, ки то даврони истиқлолият пайравӣ кардани ин ё он дин, аз он ҷумла, дини мубини Ислом маҳдудияти бисёре дошт. Имрӯз бошад, шукрона, сиёсати озодии ақидаву тарбияи худогоҳӣ пойдор аст. Китоби Қуръони Карим, китобҳои таълимиву маърафатии динӣ бо забонҳои гуногун нашр мешаванд. Дар саросари Тоқикистони азизамон дари масчидҳои бисёре барои ибодат кушода аст. Дар хакикат дуруст навиштаед муаллимаи азиз!
Дар ҳар давру замон, дар ҳар кишвар пешравиҳо ва норасоиҳо ҷой доштаанду доранд. Нотавонбинон ҳеҷ гоҳ муваффақиятҳои бадастовардаи моро эътироф намекунанд ва фақат бо нишон додани камбудиву норасоиҳои муваққатии ислоҳшаванда ақидаи ҷавононро вайрон кардани мешаванд.
Агар шахс маърифату маънавиёти кофии сиёсиву динӣ дошта бошад, бо ин афроди дорои тафаккури душманона рӯ ба рӯ шавад, мақсади ҳарифро тез мефаҳмад ва ба даъвоҳои ӯ арзишҳои сиёсиву динии азхудкардаашро муқобил гузошта, худро ҳимоя карда метавонад. Бо як сухан, бемайлон баланд бардоштани маърифату маънавиёти ҷомеа омили пешгирии экстремизму падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аст.
Барои душманро мағлуб кардан бо силоҳе ҷангидан мумкин аст, ки он аз силоҳи душман мукаммалтар ва пурқувваттар бошад. Бе баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, яъне, танҳо бо маърифати динӣ ба натиҷаи зарурӣ муваффақ шудан номумкин аст. Баробар баланд бардоштони маърифати сиёсиву динӣ барои ҳама зарур аст.
Дуруст чавонони худшиносу худогохи мо бояд дониши хаматарафа дошта бошанд ва хамеша хушёру зирак гашта, фирефтаи афкори бегонагон нагарданд.