Мавлуди накӯи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеъи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик!
Аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ устоди некӯсиришт, шахси ҳалиму ғамхор, педагоги варзида Ҷалил Абдуғаниевич Қурбоновро бо рӯзи мавлуд ва синни мубораки 70-солагиашон самимона табрику таҳният гуфта, ба устод саломатии бардавом, умри пурсамару нек, рӯзгори ободу осуда ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем. Ба ҳамин муносибат, дар толори хурди донишкада бо иштироки директори муассиса н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ва аҳли устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ чорабинӣ баргузор гардид, ки соҳибҷашнро ҳамагон табрику таҳният гуфтанд.
Қурбонов Ҷалил Абдуғаниевич 4-уми январи соли 1948 дар ҷамоати Унҷӣ, ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Б. Ғафуров) таваллуд шудааст. Соли 1964 мактаби миёнаи № 14-и ноҳияро хатм карда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) ба факултаи забонҳои хориҷӣ (англисӣ) дохил шуда, онро соли 1968 бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ тамом кард. 1-уми августи 1968 дар мактаби миёнаи №2 ба номи Рӯдакӣ ба ҳайси муаллими забони англисӣ то соли 1969 фаъолият намуд.
Аз соли 1969 то соли 1970 дар хизмати ҳарбӣ дар сафи қӯшунҳои саветӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Қараганда буд. Аз 1-уми августи соли 1970 то соли 1995 дар мактаби миёнаи №14 ба ҳайси муаллими забони англисӣ фаъолияти омӯзгорӣ бурд. Аз соли 1995 то соли 1999 дар Донишкадаи политехникии ба номи М. С. Осимӣ, омӯзгори забони англисӣ шуда кор кард. Аз соли 1999 то соли 2010 муаллими забони англисии филиали хуҷандии Донишкадаи андоз ва андозбандӣ. Аз соли 2010 то ҳоло муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Бо таманнои рӯзгори хушу осудаи Шумо устоди гиромӣ, аз номи аҳли кормандони донишкада баҳратон гуфтанием:
Рухат хуршедсон пурнур бодо,
Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо.