НООГОҲОНИ БАДХОҲИ МИЛЛАТ БОЯД БИДОНАНД!

Мо тариқи расонаҳо хабарӣ огаҳи дорем, ки яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, бо номи Маҳмадбоқир дар шаҳри Хоруғ ба утоқи кории сардори раёсати маорифи ВМКБ Лутфулло Наврӯзов даромада, бе ягон асос ӯро лату кӯб карда, нисбати ӯ ва сокинони Дарвозу Ванҷ суханони қабеҳ гуфта, аз шаҳри Хоруғ баромада рафтани ӯро талаб намудааст. Ин рафтори Муҳммадбоқир нисбати як омӯзгори соҳибмансаб ваҳшоният аст!  Ин давоми ҳодисаҳои нангини моҳи ноябр мебошад, ки обрӯи Бадахшониҳоро бо кирдорҳои пасти худ резонида истодаанд.  Баробари ин афроде бо номи Зафари Суфӣ, ки фирорӣ асту берун аз кишвар қарор дорад ва имруз  ҳақиқати ҳолро нафаҳмида,   тавассути нома бо таври худ рафтору кирдори  Муҳаммадбоқиро баён намудааст. Бо ин роҳ пуштибонӣ дорад. Ҳол он ки назар ба гуфтаи Зафари Суфӣ маротибае ҳам  бо Муҳаммадбоқир ҳамсуҳбат нашудаст ва  ҳатто ҳам ошно нест! Хонандаи заки бояд инро дарк мекунад. Хоҷат ба баён нест!

         Ба маълумоти ноогоҳони бадхоҳ, бахусус ба Зафар Суфӣ  расонадием, шумоён дур аз кишавр бехабар,  ки сокинони Бадахшон аз ҳама гурӯҳҳои ҷинояткор, тоҷирони нашъаманд ва ғайраҳо безор ҳастанд. Маълум аст, ки Муҳаммадбоқир  ва ҳаммаслаконаш бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташакккил ҳимоят шавад!

         Бо дарназардошти масоили матраҳгардида ба хулосае омада қайд кардан зарур аст, ки имрӯз гурӯҳе аз хоинон ва ноогоҳони бадхоҳи миллат мехоҳанд дар байни миллати сулҳпарвари тоҷик тафриқа андохта, ба мақсадҳои бағарази худ бирасанд.

       Ноогоҳони бадхоҳи миллат бояд бидонанд, имрӯз мардумони бофарҳанги Бадахшон воқеияти ҳолро дуруст дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надоданд ва  барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

ВАЛИЕВ А.,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкории

 ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *