Салимов Икром Исломович

Салимов Икром Исломович 21-уми январи соли 1965 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби №1-уми ба номи В.И.Ленини ноҳияи Б.Ғафуров таҳсил намуда онро соли 1981 хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ) дохил шуда соли 1986 бо муваффақият хатм намудааст.
Соли 1986-1990 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ассистенти кафедраи геометрияи тасвирӣ ва механикаи назариявии филиали Ленинободии институти политехникии Тоҷикистон оғоз намудааст.
Баъдан соли 1990-1994 аспиранти институти автомобил ва роҳи Москва, солҳои 1994-1996 ассистенти кафедраи конструксияҳои сохтмонӣ ва механикаи техникии филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.
Соли 1996 то соли 1997 мудири кафедраи механикаи филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Аз соли 2002 то соли 2003 дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги КЯТ ДДТТ дар ш. Хуҷанд.
Солҳои 2003 то 2008-ум муовини директор оид ба коллеҷи КЯТ ДДТТ дар ш. Хуҷанд фааъолият бурдааст. 15-уми январи соли 2008 декани факултети тиҷоратӣ КЯТ ДДТТ дар ш. Хуҷанд. Тайи 2сол дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги КЯТ ДДТТ дар ш. Хуҷанд фаъолият бурдааст. Аз соли 2010 то соли 2021 мудири шӯъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият бурда айни замон мудири маркази тестиро ба ӯҳдаи худ гирифта фоъолият мебарад. Аз соли 2010 аъзои ҲХДТ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *