НОКОМИИ ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ (Ҷавоб ба кӯри Юнус, ҳомии сиёсатбозиҳову паймонсозиҳои қалбакӣ)

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Паймони зиддимиллӣ, ки гурӯҳҳои зид ва ҳатто аз нуқтаи назари идеявӣ душманро дар зери чатри худ

2 Leave a comment on paragraph 2 0 гӯё ба ҳам овардааст, саробе ва ҳубобе беш нест. Ин гуна эътилофҳо як фиреби назаранд ва наметавонанд, ба ҷузъ арбадаву ҳамоқатнигорӣ дар ғарибӣ коре бикунад. Омили шикананда, ин нафспарастӣ ва пойбандӣ ба зару зевароти дунёи раҳбаракҳои ин эътилоф аст.
Сониан, ҷамъ кардани хешутабор ва ҳаммаҳалони роҳбарони ин гурӯҳҳо, «паймон»-ро ба утоқҳои танги маҳаллӣ табдил дода ва дурнамои ин эътилофро ба бунбаст рӯ ба рӯ кардааст. Ҳаракатҳое ки дар ҷомеа пойгоҳи иҷтимоӣ надоранд ва кӯшишашон фақат барои рӯпӯш кардани гирифтани мақоми иқомат дар кишварҳои пазиранда мебошад, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ифодагари армонҳои халқ нестанд. Далелҳои воқеӣ, ки бар зидди иттиҳоди ин паймон сабабгор шудаанд, решаҳои объективӣ доранд ва ба ақидаи коршиносон инҳоянд:

3 Leave a comment on paragraph 3 0 1. Зиддиятҳои оштинопазири ғоявӣ ва эътиқодии платформаи ба ном «демократҳо» ва «исломгаро»-ҳо, ки бинобар ҳассосияти ҷомеаи ғарбӣ, бо шиорҳои сатҳӣ ва рӯякӣ моҳирона рӯпуш кардаанд.
2. Дар кишварҳои ғарбӣ нуфузи салафияи такфирӣ ба андозаест, ки наметавон аз он ба осонӣ даст бардошт. Аз ин лиҳоз, маълумоти дақиқ аз гароиши рӯзафзуни аъзои ҳизби нахзати мамнуъи террорист, ки дар Тоҷикистон дар қатлу куштор даст дорад, ба салафиҳои олмонӣ аз эҳтимол дур нест. Ин омил арақхӯрҳои паймонро, ки Варақӣ тамадаву соқии онҳо мебошад, ба шӯр овардааст. Инҳо дар суҳбати худмонӣ башиддат норозӣ шудаанд ва гуфтаанд, ки ин шаробҳои фаронсавиву италиявӣ, ки дар сари пириашон ба онҳо даст ёфтаанд, кӣ онҳоро меҳурда бошад ва ин ҳолат оянда чӣ мешуда бошад?
3. Мавъизахонҳои сиёсӣ, ки аз мактаби кандану руфтани эшонҳо хуб гузаштаанд, айёру нафсбедоранд, дар маҳфилҳои паймон дар моҳи ноябр дар шаҳри Кёлн тарафдорони сохти дунявиро мавриди накӯҳиш қарор дода, онҳо ба куфру мулҳидӣ гунаҳкор кардаанд. Онҳо тааҷчуб кардаанд, ки ба истиснои 1 нафар 3 нафар пояшон ьто лаби гӯр расиааст, ки то ҳол намоз намехонад. Хусусан ба А.Шерзамонов дарафтиданд. Ӯ ки аз хондани сураву оятҳо фарсахҳо дур будааст, ба ширку илҳод мутаҳҳам шуда ва кӯшиши ӯ ба панҷтанӣ муаррифи кардани худ, сару садоҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Муллое аз мактаби салафӣ, Шерзамоновро писари ҷуҳуд гуфта, аз ҷаласа ҷавоб додааст. Шоҳидони воқеӣ мавҷуданд ва барои ифшо нашудани идомаи кор, хоҳиш карданд, номашон ифшо нашавад.
4. Ин гумроҳони роҳи сиёсат намедонанд, ки масири иштирок дар сиёсат созиш аст. Тавба аст. Тавба аз гуноҳҳои собиқа. Поксозии рӯҳӣ. Тозакории тафаккури хароби қотилӣ, узрхохӣ аз миллат. Яке аз инҳо дар табодулоти ҳарбӣ даст дорад, ва мебоист ки дар назди қонун ҷавоб медод. Дигаре қарзҳои банкхоро дуздида аз Хоруғ ба Аврупо рафтааст, ақалан виҷдони пардохти маблағи мардумро медошт, ҳайфо ки надорад. Сеюмӣ, Варақӣ ном дорад, дар пивнушкаҳои кишвари шимолӣ ҷой нагирифт, ҳоло дар Фаронса паноҳандагӣ мехоҳад, худро Жанна Д.Арки муосир тасаввур кардааст.
5. Чорумӣ. Бале хонандаи азиз, барои чорумӣ маҷбуран бахши тоза ва навро боз мекунем. Номи ӯ ал-Файзободист. Ал-Кабирист. Ин фард аз зумраи тарсончактарин ва бевиҷдонтарин исломгароҳост, ки мехоҳад ҳам дунёро соҳибӣ кунад ва ҳам охиратро. То рӯзе ки шикамаш сер буд ва дар ҷайбаш пул, чи қадаре тавонист, ба чашми мардум хок пошид, ҳоло дар ғарибӣ роҳи нави вайронкориро пайдо кардааст:паймонсозӣ ва ҳизббозӣ.

4 Leave a comment on paragraph 4 0 «Қомати кубриро гӯр рост мекунад». Ба кӯр насиҳат гуфтан, азон хондан ба гӯши кар аст. Орзуи кӯр ду чашми бино доштан аст. Орзуи кӯри Юнус, Ватанро хароб кардан аст.

5 Leave a comment on paragraph 5 0 Ҳамин тариқ, ояндаи эътилофҳое ба мисли паймони зиддимиллӣ аз номашон ҳувайдост, ки торик аст ва бунбастӣ. Мардум чашми дидани онҳоро надорад. Онҳо омили ҷанг ҳастанду харобӣ.

6 Leave a comment on paragraph 6 0 Маромов Ислом, сокини деҳаи Сурхон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *