Нодирахон Ҷӯраева ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифт

Дар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд даври вилояти озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он Нодирахон Ҷӯраева аз ДИС ДДТТ дар номинатсияи сарояндагии эстрадӣ иштирок намуд. Дар озмуни мазкур Нодирахон Ҷӯраева махорати баланди худро нишон дода, ба даври ниҳоии озмун, яъне даври ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳхат гирифт.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон бо марҳилаҳо шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *