ҲАДАФИ АҲЛИ ҶОМЕАИ МО МУБОРИЗАИ БЕАМОН БАР ЗИДДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АСТ!

 Имрўзҳо роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва бештари пайравониаш дар Аврупо истиқомат дошта, бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, дигар ниқоб аз чеҳра барафканда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Воқеан пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ собиқ аъзоён ва роҳбарияти ҲНИ мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ воқеан як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Мақсади асосии ин наҳзатиён фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Баробари ин имруз равияи салафия, ваҳобия ва гурўҳҳои ифротгаро ба мисоли “Гурўҳи -24” ва ғайраҳо мехоҳанд, ки дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гирад ва намонядагонаш ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Ин ҳаракатҳо гоҳ ошкор, гоҳе пинҳонӣ кору фаъолият мебаранд, доираи фаъолияти онҳо аксаран наврасон ва ҷавононро дар бар мегирад, ки онҳо эътиқоду маърифатӣ сусти динӣ доранд ва ба таблиғи онҳо зуд фирефта мешаванд. Мутаассифона, то ҳол тибқи дастури наҳзатиҳои фирорӣ баъзе шаҳрвандони гумроҳшуда даст ба ҷиноят мезананд. Масалан дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламрави кишварамон 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ – Паймони милли – 10 нафар. “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар дастгир шудаанд. Ин ҳолат онро тақозо мекунад, ки баҳри пешгирӣ ва ҷиҳати мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

 Хулоса, мо бояд имрўз аз дирўза дида ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди душманони миллат муборизаи беамон бояд бурд!

 Манонова Р.,
дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *