МУБОРИЗАИ ЯКДИЛОНА БАР ЗИДДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ҶОМЕА АСТ!

 Имрўзҳо душманони миллат, аз қабилӣ Беҳрўз Тағойзода ва Ашўров Ҳусейн тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шўру ғавғои беасос бардошта, ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохтан кўшиш намуда истодаанд. Яке дар барномаи “Садои ардум” ва дигаре дар  барномаи минбари  “Ҳақ ва ботил” ба монанди Кабирию Муҳаммадиқбол  бо садои баланди ифротӣ баромад намуда, дастоварҳои беназири кишварамонро нодида гирифта, хабарҳои бардуруӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба таҳлуқа кўшиш доранд. Масалан чандест, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугуйи бадаҳлоқии Беҳруз Тағойзода тариқи созмони экстримистии “Садои мардум” нисбати сафарҳои роҳбари давлат дар Ҷумҳурии Туркманистон бо андешаҳои хоми ҷавониаш бемантиқу беасос сухан намуд. Аз ҷумла вобаста ба тамоҳои миллӣ пешниҳодкардаи намояндаи кишвар дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо ақидаи пасти ҷаҳонбинӣ ва баробари надонистани номи таомҳои милли хеш андешаи носолими худро иброз намуд. Дар иртибот ба ин таъкид кардан зарур аст, ки дар фестивали мазкур гӯшаи намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева инчунин асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуд. Дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонону шираткунандагон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд. Мавриди зикр аст, ки воқеан маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар кишварҳои дуру наздики сайёра шуҳратёр буда, рӯз то рӯз талабот ба меваю сабзавоти тару тоза, хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бештар мегардад. Воқеан гӯшаи намоишии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо, боғҳои серҳосил ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки аснои шиносоӣ бо гўшаи намоишии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сарони давлатҳои Узбекистону Туркманистон ва Қазоқистону Қирғизистон ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд. Аммо хоини миллат- Беҳруз Тағойзода ва умуман наҳзатиҳо бараъкс!? Дар ҳоле, ки душамони миллат ин падидаи бад на танхо пайванди худро дар манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди растании заҳрпечак нияти реша давонданро пешаи худ кардааст. Аз ин лиҳоз, дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Муборизаи якдилона бар зидди душманони миллат  вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст ! Баробари ин мо вазифадорем, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем.Дар ин раванд, бахусус ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегонагон дода нашаванд. Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. Вазифаи асосии мо Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, наслу наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намуда, бо азму талошу боварӣ роҳ ба сўи ояндаи ободу шукуфони Ватани азизамон бар қасди нохалафон обрўю нуфузи Точикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз ҳоҳем гирифт.

ФАЙЗИЕВА Д., сармуаллимаи
кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *