ҲНИ – ҳизби мамнӯъи террористӣ

 

Терроризм ва экстремизм амалҳои номатлуб ва хиёнад коронае мебошанд, ки дар тӯли таърихи инсоният дар паҳлуҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти ғаразнокии худро пиёда сохта, бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шудааст. Дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуди ин қабили амалҳо асосан тавассути зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлату миллатҳо – ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯроварии худро нисбати аҳолии осоиштаи кишварҳо ба амал мебароранд.

Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст.

Яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ин ТТЭ ҲНИ маҳсуб меёбад. ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон ҳанӯз соли 1978 ташкил ёфта ба таври пинҳонӣ амал мекард. Маълум гашт, ки мақсади асосии ҳизб бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид намуда, фарқ намудани дини мубини ислом аз ва асосҳои аҳкоми он ки покизагиву беғаразӣ ва инсодустиро талқин менамояд хеле оқилона қайд кардаанд. Бинобар он, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои ба доми мухолифони миллату давлат наафтодан аз зиракии сиёсӣ ва донишҳои замони муосир мусаллаҳ гардида, аз тарғиботҳои ғаразнок ва тундгароии ин тоифа одамон худ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро эмин нигоҳ доранд.Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.Барои давлати навбунёди тоҷикон кафолати оромию осудаги ва сулҳу салоҳ дар мадди аввал меистад, аз инҳост, ки ин кафолати сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаҳолонаро, қабл аз дигар сохторҳои қудрати маҳз Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин мекунанд.

Имруз хурду калони Точикистон дорои тафаккури сиеси мебошад. Барномахои шабакахои телевизиони чавонони моро хушдор медихад, ки ба хар гуна фитнахои игвогарони нахзатиен бовар накунанд.

Шукргузори мекунем, ки фазои кишвари мо орому, хавояш бегубор аст. Чавонон ба сулху вахдат, тинчиву осоиши ватанамон арч гузошта, хизмат ба халку ватанро асоси кору зиндагии хеш мехисобанд. Зиракии сиесиро аз даст надода, фирефтаи ягон хизбу харакатхои ифроти намегарданд. Имруз ягон куввае нест, ки Вахдату ягонагии миллати точикро халалдор созад. Мо хама якем ва давлати сохибистиклоли худро ба пошхури намегузорем.

 

Самадова М.М.,

омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ,

таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *