АНДЕШАҲО ОИД БА МУСОҲИБАИ М. КАБИРӢ БО МУХБИРИ РАДИОИ ОЗОДӢ  ОИД БА НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Тавре маълум аст, рӯзи 1 марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Парлумони Тоҷикистон  баргузор гардид.

Бешубҳа андешаҳо оид ба натоиҷи ин интихобот гуногунанд ва ин як ҳодисаи табиист, зеро таҷрибаи рушди ҷомеаҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд собит менамоянд, ки дар ягон кишвари дунё интихобот баҳои ягонаи мусбиро касб нанамудааст. Чунин ҳолатро мо дар таҷрибаи давлатҳои машриқзамину мағрибзамин, ки худро ҳамчун давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамоянд, дида метавонем. Ҳамеша гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсие пайдо мешаванд, ки аз натоиҷӣ интихобот норозианд ва интихоботро ғайридемокративу ношаффоф меҳисобанд. Ба андешаи мо, ин як раванди воқеист, зеро ҷомеа аз қишроҳои гуногуни иҷтимоӣ иборат аст, ки манфиатҳои онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳам мусовӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, андешаҳои М. Кабирӣ оид ба он, ки интихоботи ба вуқъӯпайваста поёни гуногунандешист  на он қадар ба ҳақиқат рост меояд.

Мухбири Радиои озодӣ саволи бунёдиро ба  М. Кабирӣ пешниҳод намудааст, ки он чунин аст: “Интихоботи содиргашта баёнгарӣ субот, оғози марҳилаи бунёдгарӣ созандагӣ аст ё идомаи низоъҳо, кашокашиҳо ва анҷоми ҳамдигарфаҳмӣ аст? ”

Ба андешаи М. Кабирӣ интихоботи баргузоргашта поёни ҳамдигарфаҳмӣ ва анҷоми гуногунадешист. Ин ақида ба воқеъият рост намеояд, зеро ягон интихобот, ҳатто дар давлатҳои пешсаф, демокративу ҳуқуқбунёд интихобот бо якдигарфаҳмию якрангии ғоявӣ анҷом наёфтааст, зеро ҳамеша гурӯҳҳои иҷтимоиву сиёсие ҳастанд, ки аз натиҷаҳои интихобот норозигии хешро баён менамоянд. Ва он андешаҳое, ки  М.Кабирӣ баён менамояд, аз қабили чунин ақидаҳо мебошад.

Вобаста ба ин андешаи кутоҳназари сиёсии  М. Кабирӣ бояд тазаккур дод, ки ҳеҷ як сиёсатмадор, ҳатто оне, ки дар ҳиҷрат аст, ба шарте, ки  ӯ Ватани худ ва миллати худро дӯст дораду гулгулшукофии онро ҷонибдор бошад, ба масъалаи интихобот бефарқ буда наметавонад. Таърих ба ин гувоҳ аст. Вақте ки файласуфи бузург Суқрот дар зиндони шаҳри Афина чун дар маҳбас қарор дошт, шогирдонаш ба зиндон хандақе мекобанд, ки Суқрот аз зиндон фирор намояд. Аммо Суқрот аз фирор намудан саркаши менамояд ва ба шогирдонаш мегӯяд: “ Фирори ман аз зиндон дар ҷомеа адолатро барқарор наменамояд, агар хоҳед ки дар ҷомеа адолат барқарор шавад, равед аз ҳокимону қонунбароён талаб кунед, ки чунин қонунҳо қабул намоянд, ки онҳо дар ҷомеа адолатро барқарор намоянд ва заҳр нӯшида худро қурбон менамояд”. Вале М. Кабирӣ аз шуҷоати Суқрот дур аст, ӯ мардонагии хешро аз қурбони Ватан гардонидан дур аст. Мақсаду мароми ӯ дигар аст: соҳиби давлат шудану давлатдорӣ намудан асту бас.  Аз интихобот канораҷӯи менамояд, пас ӯ ба тақдири ояндаи миллат бефарқ аст. Ӯ аз ҷони худ меҳаросад (дар мавриде, ки ба қавли ӯ ҷонибдоронаш зиндонӣ ҳастанд) ва аз дурии дурҳо ба мо дарси шаффофию демократӣ будани  интихоботро медиҳад. Дигар ин аст,ки М. Кабирӣ ба андешаи мо доир масоили ҷомеашиносї  ва ё сиёсатшиносї  каму беш огањ ҳаст, аз ин лиҳоз бояд бидонад, ки дар сиёсат гоҳе як қадам ба пеш ва гоҳе якқадам ба қафо гузоштан зарур аст. Вале Мухитддин Кабирӣ шахси якрав будааст (ё атрофиёнаш намегузоранд, ки он дигаргуна шавад), намехоҳад ин қонунмандии сиёсатро дарк намояд. Ин хислати шахсияти ӯ дар дигаргун намудани номгузории ҳизбаш зуҳур меёбад. М Кабири мегӯяд: “Ман ҳанӯз дар дохили кишвар будан ҷонибдори  аз номи ҳизб бардоштани истилоҳи “ислом” будам ва асосгузори ҲНИ  Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам дар ҳамин ин ақида буданд, аммо ҳолон, ки акнун мо дар ҳиҷрат ҳастем ва даҳҳо ҷонибдорони мо зиндони ҳастанд, бидуни ширкати онҳо мо номи ҳизбро дигар карда наметавонем” . Мо дар ин ҷо андешаҳои М. Кабириро мазмунан овардем. Вале ин муҳим нест, муҳим он аст, ки андешаҳои М. Кабирӣ дурӯғи маҳз аст, зеро ҳамин ки аз номи ҳизб мафҳуми “ислом” бардошта мешавад, хоҷагони маблағгузор, грантдиҳандагонӣ ин ҳизб аз онҳо рӯй мегардонанд. Бинобарин, ибораи “бачаҳои зиндонии мо” моро намебахшанд дурӯғи маҳз асту халост.

Нисбати сохтори ҲНИ ва ашхосе, ки дар ин сохторҳо иҷрои вазифа менамоянд, ахбори мушаххас надорем. Вале худи баъзе ҷонибдорони мафкуравии ҲНИ бар он ақидаанд, ки ҳизби М. Кабирӣ (бубинед онҳо њизби назњатиро-ро чи тавр ном мебаранд) ҳизби оилавӣ асту бас!

Дар хусуси масъалаи мубрами ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон М. Кабирӣ масъалаи озодӣ ва демократияро ба миён мегузорад. Бунёди чунин ҷомеа таҷрибаи садсолаҳои ҷомеасозиву давлатсозиро тақозо менамояд. Агар мо ҷомеаи Амрикоро ҳамчун намунаи ҷомеаи озод,  демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намоем, пас бояд бидонем, ки дар тӯли зиёда аз дусад сол ба чунин вазъ расидааст. Магар, ҷомеаи Олмон, ки шумоён дар он паноҳ бурдаед, магар ба маъно томаш ҳуқубунёду демократист? Оё ягон шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Олмон берун аз қонун ва муқарраротҳо амале содир карда метавонад? Ҷавоби ин суол мусаллам аст. Пас, ҷомеаи озоду демократӣ ин амали ҳар фарди ҷомеа дар доираи қонун аст. Мо акнун 30 сола мешавем, солҳо сипари мегарданд ва ҷомеаи мо инз таҷрибаи озоду демократиро касб менамояд.  Вобаста ба ин ба М.Кабирӣ як таклиф дорам: агар дастонаш ба хун оғушта набошанд, биёяд ба Тоҷикистон, баҳри озодиву демократияи он мубориза барад! Мухбири Радиои озодӣ низ аз М.Кабирї ба ҳамин маъно таклиф пешниҳод намудааст. Яъне шумоён агар бегуноҳ бошед, барои чӣ ба Ватан барнамегардед? Афсӯс, наметавонед, зеро амали хиёнаткоронаи Назарзодаҳо, куштори сайёҳон дар шоҳроҳи  Душанбе – Данғара, ҳуҷуми қарибулвуқӯъ ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ин натиҷаи аъмоли ТЭТ ЊНИ аст.

Дар иртибот ба гуфтањои М.Кабирї таъкид менамоем, ки мо мисли дигар кишварҳо захираҳои нафту газ надорем, вале мо дар давоми солҳои соҳибистиқлроли боигарии беназир: Сулҳу Ваҳдати миллиро ба даст овардем. Маҳз, ҳамин неъмати бебаҳо ба мо имкон дод, ки Тоҷикистони азизро аз бумбасти коммуникатсионӣ берун оварем, ба қадри ҳол бехатарии озуқавории мамлакатро таъмин намуда, Истиқлолияти энергетикии кишварро ба даст дарорем. Имрӯз Тоҷикистон ҷаҳд дорад стратегияи чаҳоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакатро амалӣ гардонад.

Ба М.Кабирӣ гуфтанием, ки аз дур истода ба мо дар бораи давлату давлатдорӣ, озодиву демократия насиҳат накунад. Агар Кабирї дар ҳақиқат шуҷову далер ва дӯстдори Ватани хеш бошад, суханпардозӣ накарда ба Ватан  баргардад ва бо ҳам онро обод кунем.

 

Профессори  МДТ ДИС ДДТТ – Солиҷонов Р.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *