Нест бод терроризм ва экстремизм!

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт:  “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост”, – изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар. Мо ба андешаи вазири муҳтарам пурра розӣ ҳастем ва фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористиро дар кишвар маҳкум менамоем.
Ислом ё дигар динро манбаи ифратгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯь гуфтаанд: «Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадаст, ки торафт азиму хатарнок мегардад, Мутаассифона дар тафаккурӣ доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифратгароӣ хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки ақолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўӣ инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифратгароиро бо ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифратгароӣ боқӣ мемонад».
Аз ин нуқтаи назар насиҳатҳо ва гуфторҳои Сарвари давлатро ҳамагон амали доимии худ қарор дода, барои ҷамъият ва ватани меҳрофарин ҳиссаи арзандаи худро бо тамоми донишу малакаҳои дар худ дошта мегузоранд.
Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифратгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин мафҳумҳо диду назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрӯз идома дорад.
Ифратгароӣ маънои тундравй, маҷораҷӯй, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст, Бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо зодаи давраи истиқлолият аст, ки ҳатто дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикй» дида наметавонем. Аз ин рӯ вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.
Мақсади ҳамаи некназарону равшанфикрони ватани мо аз он иборат аст, ки ягон шахс ё нафар ба гурўҳҳои ѓайриинсонӣ шомил набошанд ва то тавонанд аз нашъамандию ифротгароӣ дурӣ ҷуянд. Аз ҳамин лиҳоз, чун ба калимаҳои  мансуб ба ифроту ифротгароӣ, ки дар боло тафсир дода шудааст назар кунем, ҳақиқатан онҳо вожаҳое ба шумор мераванд, ки табъи хушро нохуш, шодиро ба гам табдил медиҳанд. Шодиро ба гам табдил додан чунин маъно дорад, ки бо шомил шудан ба гурўҳи ифротгаро имрўз оилаҳоеро дар ҷамъиятамон  бештар дучор мегардем. Сабаби асосии ба ин гурўҳи манфур пайванд шудани шаҳрвадони мо пеш аз ҳама надонистани қонунҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда ва ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон эътибор надодани волидайни онҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кўшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

Ассистенти кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ                                                                   Ахмедова А.Ю.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *