Мувофиқи хабарҳои расонаи News аз санаи 07.06.2018 бо номи “Ин афроди ҷоҳил Исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд” Ҳиндустон ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард хабари Рашид Рашидиён мақолаи хубе дар бораи расман эътироф доштани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ мақолаи актуалӣ дарҷ шудааст. Дар он Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар дуруст қайд мекунад, ки гарчанде мо дар Ҷанги бародаркушӣ ғолиб гашта бошем, проблемаҳои он то ҳол ҳалли худро наёфтааст, вабои аср бо шакли терроризми динӣ ба майдони мубориза омадааст. Ҳиндустон ҳам расман Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, фаъолияти ин ҳизб, ки бо сӯистифода аз номи дини Ислом давом дорад, “тақаллуби фиребгаронаи як гурӯҳи одамон” буда, “ин афроди машкук исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд”.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилаллии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт:
“Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди Ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз суйи Худост”. – изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар.
“Ин такаллуби фаъолияти афроди фиребгар аст. Худо исломро паёми сулҳ кард. Ин афроди ҷоҳил исломро басилоҳи ҷанг табдил доданд. Худо Исломро ба дини гуногунандешӣ табдил дод. Нафароне, ки ба зуҳури дигар бовар надоранд, динро ба ҳадде дигар карданд, ки гӯё ислом зидди нафароне бошад, ки пайравони дигар мазҳабҳоянд”, – афзуд вай.
Дар маърӯзаи худ Мубашар Ҷовид Акбар саҳми муҳими муборизаи Ҳукумати Тоҷикистон бо зуҳуроти нангини замонро қайд намудааст, яъне агар чунин мубориза намешуд, роҳбарони ҲНИ бо паҳнкунии идеологияи худ ба осоишии мамлакатҳои Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик таҳдид мекарданд.
Пас аз ҷанги шаҳрвандии кишвари мо гурӯҳҳои нав дар пешоҳанг пайдо шуданд. Гирдбоди ин муноқишаи ҷаҳонӣ Афғонистон, ки мардуми он ҳамарӯза далерии каҳрамонона дар воқеаи баъди ҳодисаҳои доимӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна онҳо бо душмане, ки аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ ва паноҳгоҳ меёбанд, дар муборизаҳои беамон мубориза мебаранд, боқӣ мемонад. Дунё бояд касонеро ҷонибдорӣ намояд, ки бо хуни худ онро муҳофизат кунанд.
Мувофиқи гуфтаи ҷаноби Мубашар Ҷовид Акбар ҷанги дарозмуддатро бар зидди терроризм мебояд дар се ҷанба бурд. Ҷанбаи якум шиносоӣ; дар майдони ҷанг, ман метавонам бо итминон илова намоям, ки хадамоти амният ва иктишофии ҳар як ҳукумати ҳуқуқбунёд дар ин самт ба ҳадди кобилияташон сафарбар шудаанд.
Ҷанбаи дуюм нозуктар аст. Ин майдони ҷанг дар шуур аст, ки дар он тухми ифротгаро шудан бо инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро ҳамчун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад. Мо бояд ба ин ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд.
Ҷанбаи сеюм иқтисодӣ аст. Кӯшиши марказии ҷавонон дар асри 21 некӯаҳволии баробар мебошад. Агар баробарии иқтисодӣ набошад, бояд ҳадди ақал адолати иқтисодӣ бошад. Ин ҷавоби дақиқ ба радикализатсия аст; дар суханони сарвазир Нарендра Модӣ мухтасар ифода шудааст: ”Саб ки саас. саб ка викаас” (Як ҷо мемонем ва якҷо рушд мекунем) Ин фалсафа ба сиёсати хориҷии мо низ дахл дорад. Мо бо терроризм дар Афғонистон бо тамоми роҳҳо мубориза мебарем, вале асоситарини онҳо ба рушди инсоният нигаронидашуда мебошад. Кӯмаки мо ба Афғонистон беш аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ҳоло 116 лоиҳаи нав дар 31 музофотро дарбар мегирад. Роҳҳои кӯтоҳ вуҷуд надоранд. Терористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд…
Аз гуфтаҳои ҷаноби Мубашар Ҷовид Акбар ба хулоса омадан лозим аст, ки мо дар мубориза бар зидди вабои аср танҳо нестем, ин танҳо проблемаи кишвари мо нест, мо бояд дастҷамъона бар зидди онҳо бо ақлу заковати худ муборизаи бемон барем.
ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ СИЛОҲИ ҶАНГ НЕСТ!
Иброгимов И.И.