НЕСТ БОД ДАСИСАҲОИ СИЁСИИ КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНИ Ӯ!

Беолоиш нигоҳ доштани фарҳангҳои суннатӣ  қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Нигоҳдории фарҳанги ноби як миллат ба осонӣ ба даст намеояд. Тавре бузургони миллати тоҷик фарҳанг ва таммаддуни тоҷикиро бо масъулияти тамом тӯли давраҳои сангини таърихӣ бо баҳои хуну ҷон аз вартаи оташ то имрӯз раҳонидааст, ки боиси ифтихормандист.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо нисбати кишвару давлати мо ҷанги иттилоотӣ аз давлатҳои абарқудрат ва хоинони миллат оғоз шудааст. Онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ пешравиҳое, ки дар ватанамон шуда истодааст ночиз дониста бар роҳу восита бархезонидани иғвоянд.

Тоҷикистони азизи мо соли  1991 соҳибистиқлол шуд, аммо мутаасифона пас аз мӯҳлати начандон кам бо ташкилии кишварҳои абарқудрат дар мамлакатамон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва ин то соли 1997 давом дошт. Дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ мо ба чӣ қадар пешравиҳо ноил гардидем. Мо бояд ба ин ҷангҳои иттилоотӣ ё ин ки ҷанги сард мегуянд бояд мубориза барем. Саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, яке аз сабабҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҷанги сарди давлатҳои  Ғарб буд

Ҳоло бошад аз ҳар гӯша сару садоҳо ҷиҳати афкори шуми онҳо шунида мешавад, ки хеле ҷои таассуф аст. Ворисони босмачиён имрӯз дар симои ашхоси соҳибмаърифату ботаммаддун худро мехоҳанд рӯи саҳначаҳои сиёсат кашанд. Мутассифона, ҳар нафари берун аз Ватан зиндагӣ дошта бидуни фикру андеша бо ҳар санги хоҷагонаш дода ба сӯи Ватан ҳаво мезанад. Баҳси Дориюши Раҷабиён дар мавриди “босмачиён” аз чунин раванде ҳаст, ки бидуни хулосаву мулоҳиза рӯи қоғаз омада ва ҳамватанону ҳаммиллатони хеш ҳаво дода шудааст. Халқи тоҷик “босмачиён”-и золим, фосиқ, ва хунхорро ки монанди мор намоён буданд, нест карданд, аммо он гурӯҳҳое, ки бо номи “босмачиён”-и навбаромада дар мисоли Дориёюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи назҳати аз рӯи рост нишон додани худ ҳаросида, дар хориҷи кишвар садо баланд карда заҳр мезананд. Ӯ бо супориши хоҷагонаш бе ягон далел ин хунхории “босмачӣ”-ро таърифу тавсиф карда, мехоҳад бо ин роҳ ҳамаро ба худ ҷалб намоянд.Таърих шоҳид аст, ки дар ягон маврид мардум ба насиҳатҳои Раҷабиёну пайравонаш бовар намекунанд. Магар Дориюш намедонист, ки ҳамаро бозмедоштанд ва ҳар нафаре ба пешрафт дастёб гашт, ӯро ҳукме ба кофир, бехудо ва монанди ин мебароварданд, то дигарон аз дастуру супоришҳои эшон сарпечӣ накарда ғуломи ҳамешагии онҳо бошанд.

Муҳиддин Кабирӣ бо он ақидае, ки нашармида ва беинсофона баён кардааст, яъне босмачиҳоро «қаҳрамон», «баномус» ва «истиқлолиятхоҳ» номидааст, аз Иброҳимбеку Кури Шермат ягон фарқе надорад. Аҳли ҷомеаи кафедра ин кирдор ва гуфторҳои наҳзатиёнро маҳкум намуда андеша дорем, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Аммо асолати онҳо дар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротию террористӣ бунёд ёфтаанд. Чунин ашхос ҳоло ҳам сухан аз сулҳ, субот ва некӯаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи таърихашон назар афканем, инҳо афсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд, ки дар гузашта қувваи торикии аҳриманӣ гуфта мешуданд. Ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии ТЭТ ҲНИ, ки пӯсти Паймони миллӣ бар сар мекашад, нифоқандозӣ дар миёни миллате, ки ба сохти истиқлолияти ҳудудӣ ва маънавии худро касб кардааст, дар ҳоли роҳандозӣ кардан ҳаст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро, ки аз ҳаёҳӯйҳо ба сулҳи тоҷикон меравад, возеҳ дар Паёми навбатиашон ироа намуданд: “Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ба итминон изҳор медорем, ки мардуми тоҷик дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешавад”.

Натиҷаи раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвоямон аст, ки мо ба чунин дараҷаи тараққиёт, ободӣ расидем. Садри муаззами кишвар дар Паёми навбатии худ эълон доштанд, ки мо татбиқи ҳадафи чорумамонро оғоз менамоем ва тез ба он муваффақ мешавем. Ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мебошад. Бинобар ҳамин дар солҳои наздик мо ба ин ҳадаф мерасем. Мо имрӯз дар осоиштагӣ, озодӣ фаъолият мекунему умр ба сар мебарем ва аз Худованд орзу дорем, ки ин ҳама то абад дар кишвари азизамон ҳукмфармо бошад.

Бобоева Шаҳло,
ассисенти кафедраи математика
ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *