ИЗҲОРОТ хулосаи мантиқӣ аз баромадҳои Кабирӣ М. дар Прага ва Берлин (равандҳои стратегӣ ва тактикии Кабирӣ М.)

Мавқеи Кабирӣ М. дар ҷабҳаи сиёсӣ: Кабирӣ М. масти пули хоҷагони хориҷиаш дар тангкӯчаи сарбастаи ҳарзагӯии сиёсӣ ҷойгир аст.

         Стратегия: ба хоку хун оғушта намудани Тоҷикистон.

Тактикаи ин самт: дурӯғу тӯҳмату тавҳину дасиса зери шиори бардурӯғи “Эҷоди Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ”.

         Стратегия: шиорҳои дурӯғини мубориза дар роҳи соҳибистиқлолӣ.

Тактикаи ин самт: рахназанӣ бар истиқлолияти давлатии тоҷикон. Мағзи ин тактика: дигарбора хуншор кардани  ҷисми ҳанӯз ҷароҳатҳояш пурра тадовӣ наёфтаи Тоҷикистон, ташкилкунии гурӯҳҳои ҷангии босмачинажод.

Ҳадаф: 1) аз адолати сохта ҳарфзада ба ҷаҳолат бурдани мардум; 2) аз демократия ҳарф зада ба ифротгарӣ ҳидоят намудани мардум; 3) пора кардани Тоҷикистон; 4) ба ботлоқи асри миёна фурӯ афкандани Тоҷикистон; 5) роҳандозии ҷанги мазҳабӣ дар Тоҷикистон; 6) амалигардонии ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратманд бо истифода аз дину мазҳаб.

Хулосаи муқаррарӣ: Кабирӣ – худфиребӣ ва худнамоӣ ба роҳи ҳақ намебарад. На ту, на ҳаммаслаконат қудрати сохтан ва ҳифзи сохтори характери демократӣ дошта, ҳуқуқбунёд ва дунявиро надорӣ. Мардуми Тоҷикистон кайҳост бо шиори “Алҳазар, аз дасисаю найрангбозии душманони миллат” амал карда, Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу ҳифз карда истодааст ва мӯҳтоҷи амалу гуфтору кирдори разилонаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нест.

Абдуллоев Ғафурҷон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *