НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» – ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНДТАРИНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат аст. Истиқлолият омили асосии рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлат ба хисоб меравад. Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва  ташаббусҳои  ҷаҳонии  ин  шахсият  тавонист давлати мустақили худро ташкил кунад ва ҷойгоҳи  шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.  Имрӯз  аз  баракати  истиқлол  миллатеро  бо  номи  тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 13 000 пирях ва 1 000 дарё мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28  соли  солҳои истиқлолияти худ сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда истодааст. Мисоли равшани ин гуфтахо, оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе – Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1”, “Сангтӯда – 2”, “Помир – 1”, нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе”ва“Суғд”, хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 –  киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”, хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, оғози татбиқи лоиҳаи САSA-1000, оғози татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд. Сохтмони  чунин нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кӯмак мерасонад.

9 сентябр соли ҷори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро  ба кор дароварданд, ки ин дастоварди арзишмандтарини Точикистон дар солҳои истиқлолият ва қадами устувор дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ мебошад. Чи тавре ки Сарвари давлат кайд карданд, «Роғун- ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон аст».

Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 16 ноябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якум нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор оғоз карда буд.Сохтмон ва бунёд кардани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони хизмат хоҳад кард. Ин иншооти арзишмандтарини муҳиму стратегӣ барои рушди иқтисодиёт ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам хоҳад дод. Баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва дар навбати худ ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар оварда расонад.

Фирӯз Ҳошимов,
устоди кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *