Бунёди Нерўгоҳи барқии обии Роғун далели бурдборию матонати халқи тоҷик аст

Чӣ хеле, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хотир доранд дар солҳои пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ  ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор мушкилиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рў ба рў шуданд.

Яке аз мушкилиҳои пешомада ин норасогии қувваи барқ буд, ки шаҳрвандон аз он хело азият мекашиданд.

Бо мақсади ҳалли ин мушкилиҳои пешомада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик дар назди худ чор ҳадафи аҳамияти стратегӣ гузошта қадам ба қадам аз ўҳдаи иҷрои ин вазифаҳо баромада истодаанд: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъминоти истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат.

Дар ин рўзҳои фараҳбахшу хотирмон, 28 умин солгарди ҷашни истиқлоляти миллӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун  ки тамоми тоҷикони ҷаҳон аз он ифтихор доранд ба истифода дода шуд, ки дар таърихи тоҷик як саҳифаи наве мебошад.

Биёед, каме ба таърихи Роғун назар меафканем, соли 1968 сарраёсати энергетика ва электрификатсияи Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба шўъбаи осиёимиёнагии институти «Гидропроект» дар шаҳри Тошканд барои тартиб додани лоиҳаи техникии НБО «Роғун» фармоиш доду лоиҳаи НБО «Роғун» соли 1974 тасдиқ гардид .

Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад[1]

Аз соли 1976 дар баландии 1000, 1700 метр аз сатҳи баҳр корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт  барои амалигардонии ин лоиҳа зиёда аз 300 корхонаҳои Иттиҳоди шўравӣ саҳми худро гузоштаанд, дар ин мавзеъ барои сохтмончиён шаҳр бо номи Роғун бо биноҳои серошёна ва боғчаи бачагона сохта ба истифода дода шуд. То соли 1991, пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва нооромиҳо  дар кишвар аллакай бо баландии 40 м. садд ва 21 м нақб канда шуда буду зиёда аз 70% корҳои толори мошинҳо ва толори трансформаторӣ ба анҷом расида буд.

Барои давом додани сохмтони НБО Роғун байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Федератсияи Русия “Русский алюминий” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расиду бо сабабҳои гуногун он иҷро нагардид. Моҳи августи соли 2007 он шартномаро Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор намуда қарор дод, ки НБО Роғунро бо маблағи худ месозад. Бо ин мақсад халқи тоҷик ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» ро таъсис дода сармояи онро соли 2009 ба 6 млрд. сомонӣ расонид.

Дар даврони истиқлолият барои сохтмони ин нерўгоҳ зиёда аз 12,5 млрд. сомонӣ аз худ карда шуда, зиёда аз 25 ҳазор нафар мутахассисону кормандон машғули кор буда зиёда аз 3500 адад мошину таҷҳизот сафарбар шудааст.

Барои сохтмони Лоиҳаи НБО Роғун давлатҳои поёноби дарёҳо  асосан Ҷумҳурии Ўзбекистон норозигии худро қатъиян баён менамуданд. Бо ташаббуси давлатҳои ҳамсоя ва маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ экспертизаи лоиҳаи НБО Роғун гузаронида шуд. Экспертон пас аз се соли тадқиқу санҷишҳо муайян карданд, ки сохтони НБО Роғун ба вазъи экологии минтақа ягон зараре надорад. Соли 2016 пас аз вафоти  президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов ва ба мувофиқа омадани муносибатҳои байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон муносибати Ўзбекистон ба сохтони НБО Роғун тағйир ёфт.

Барои бунёди сарбанд санаи 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмолалӣ Раҳмон худ бо булдозер маҷрои дарёи Вахшро баста барои бунёди сарбанд ҳусни оғоз бахшид, ки ин мардуми тоҷикро ба ваҷҳ оварду мардум аҳамияти стратегӣ ва таърихӣ доштани онро боз ҳам хубтар эҳсос намуд.

 Инак 16-уми ноябри соли  2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмолалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғунро» бо тантана ба кор даровард. Ба туфайли он хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро ба истифода дода шуду, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшонид. Халқи тоҷик аз маҳдудияти истифодаи қувваи барқ ба пуррагӣ озод шуд. Санаи 9-уми сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО “Роғунро” ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмолалӣ Раҳмон дар вазъӣ тантанавӣ ба кор дароварду халқи тоҷикро дар назди тамои ҷаҳон сарбаланду хушнуд гардонид. Дар маросими ба кор даровардани ҳам агрегати яку ва ҳам агрегати дуюм аз тамоми ҷаҳон намояндаҳо иштирок доштанду аз матонату мардонагии халқи тоҷик бо сарварии фарзанди фарзонааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмолалӣ Раҳмон аҳсант гуфта  сипоси худро баён менамуданд. Мо шаҳрвандон ифтихор дорем, ки чунин сарвари оқилу доно дорему барои манфиати халқи худ дар арсаи ҷаҳонӣ матонату кордонии худро муаррифӣ намудааст.

[1] https://tg.wikipedia.org

ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ,
таҳлил ва аудит Тошматова М.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *