Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеаи сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон – Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла, собиқ раиси ТЭТ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд. Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Щайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), Умед Исоев, Шоиста Мамадшеховаю фарзандонаш Бегзод ва Ҷавоҳир Ӯриновҳо, ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд. ТЭТ Ҳизби наҳзат дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд. Имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.
Абдумавлон Азимов,
доктори илмҳои иқтисод, профессор