Дар ДИС ДДТТ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўзи Аҷам мизи мудаввар дар мавзўи “Наврўз – иди хуҷастапайи мардуми тоҷик” баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии номзади илмҳои фалсафа, дотсент Дилшода Ҷонназарова оғоз гардид. Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Далерҷон Мирпочоев оид ба таҷлили ҷашни Наврўзи Аҷам ва суннатҳои аҷдодии мардуми тоҷик маълумот дода, таъкид намуд, ки таърихи ҷашни Наврўз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомўзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд.
Дар идомаи мизи мудаввар профессор Расулҷон Солиҷонов дар мавзўи “Наврўз ва расму оинҳои он” сухан ронда, зикр намуд, ки воқеан, ҷашни Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона – дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаррухҷон Турсунов дар мавзўи “Баррасии иди Наврўз дар осори Абўрайҳони Берунӣ” ва ассистент Ф. Комилова перомуни иди ҷаҳонӣ гаштани Наврўз суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Баъдан донишҷўёни соли аввал: Давлат Тоҳиров, Таҳмина Қаюмова, Малика Ҳасанова ва Меҳрангез Исмоилова оид ба ҷашни фархундапайи Наврўз аз нигоҳи Умари Хайём, расму оинҳои наврўзӣ, ҷашни сарсабзии табиат ва иди баҳору соли нави тоҷикон суханронӣ намуданд.