Наврӯз навид орад аз рӯзи баҳор…

Бо омад-омади баҳори зебоманзар ҷашнгирии пайдарпайи идҳои баҳорӣ дар Тоҷикистони азизамон оғоз мешавад. Ин навбат, пас аз ҷашнгирии бошукӯҳи Иди модарон, дар ДИС ДДТТ барои ҷашни Наврӯзи хуҷастапай омодагӣ мебинанд. Аз ҷумлаи чунин иқдомот ташкили викторинаи донишҷӯён аз ҷониби кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ мебошад, ки санаи 15 марти 2021 дар толори калони донишкада баргузор гардид. Устодону донишҷӯён аз ҷашнҳои наврӯзӣ илҳом гирифта, викторина ва чорабиниҳои дигарро ба мавзӯи “Ҷашни Наврӯз дар ҷаҳони имрӯз”  бахшиданд. Аз рӯйи мавзӯи мазкур дар викторина ду даста: яке дастаи “Young Leaders” –  донишҷӯёни курси 3 ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва дигаре дастаи “Hocks” – донишҷӯёни курси 3 ихтисоси “Молия ва қарз” (ҳарду гурӯҳи таҳсилашон англисӣ) қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳо аз рӯйи се шарт: 1) Саломнома; 2) Шеърхонӣ ба забонҳои гуногун (дар васфи баҳор, модар, Наврӯз, Тоҷикистон); 3) Саволу ҷавоб байни дастаҳо (дар бораи Англия); 4) Пур кардани кроссворд; 5) Иҷрои суруди ҷамъбастӣ аз ҷониби гурӯҳҳо рақобат намуданд. Озмун-викторинаро аъзои ҳакамон дар ҳайати устодони донишкада: ноиби директор оид ба тарбия дотсент Аҳророва Г.У.(раиси ҳакамон), ноиби директор оид ба илм ва инноватсия дотсент Мирпочоев Д.А., мудири шуъбаи илм ва инноватсия дотсент Камолов Ф., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С. ва муовини декан оид ба илм Бузрукова С. доварӣ намуданд.

IMG_8429
IMG_8371
IMG_8388
IMG_8311
IMG_8402
IMG_8354
previous arrow
next arrow
IMG_8429
IMG_8371
IMG_8388
IMG_8311
IMG_8402
IMG_8354
previous arrow
next arrow

Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷойи аввалро дастаи “Hocks” – донишҷӯёни курси 3 ихтисоси “Молия ва қарз” бо гирифтани 27 холл сазовор гардиданд ва аз ҷониби ҳакамон ба ҳамаи иштирокчиёни викторина ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар фарҷоми озмун аъзои ҳакамон ғолибони озмунҳои қаблан эълоншудаи газетаи девории беҳтарин ва эссеи беҳтаринро эълон намуда, ба онҳо ифтихорномаҳо супориданд. Ғолибони эссеи беҳтарин:
Ҷои аввал – Ачилова Рухшона, донишҷӯи курси 2-уми ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон”
Ҷои дуюм – Носиров Субҳонҷон, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси “Молия ва қарз”
Ҷои сеюм  – Мухторов Лутфулло, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси “Маркетинг”

Ғолибони газетаи девории беҳтарин:
Ҷои аввал – гурӯҳи 250107р “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона”, курси 2
Ҷои дуюм – гурӯҳи 250103аа “Иқтисодиёти ҷаҳон”, курси 2
Ҷои сеюм  – гурӯҳи 250103р“Иқтисодиёти ҷаҳон”, курси 2

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *