ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ – ЭКСРЕМИСТИДОШТАИ ҲНИ ОШКОР ШУД

 

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти эктремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ дар ҷомеаи муосир беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалиро, ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон, баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди ифротгароӣ ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар нигаронида шавад.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ буданд, ки алҳол онҳо дар хориҷи кишвар фаъолияташонро ба роҳ монда, худ паси парда бо хоҷагони хориҷиашон назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ингуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халк, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. Воқеан роҳе, ки душманони миллат, аз ҷумла ташкилоти террориристӣ экстремистии ҲНИ интихоб кардааст он роҳе мебошад, ки мардумро ба  зулмат мебарад. Бино ба ин сиёсате, ки наҳзатиҳо таблиғ менамоянд ин сиёсати зӯроварист, ифротгароист, ки дини мубини ислом онро маҳкум мекунад. Собиқ ҲНИ бо иддао доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби кишвар баъд аз Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз карда буд. Дар ҳоли ҳозир раиси ҳизб М.Кабирӣ дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад ва 13 аъзоёни раёсати собиқ ҲНИ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳонаи Назарзода дастгир гардида буд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар танҳо дар соли 2020 ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ-эксремистидоштаи собиқ аъзоёни ҲНИ ошкор шуда, 17 нафарашон дастгир шуданд. Ин далел аз он далолат мекунад, ки мутаассифона ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо, ашхосони гумроҳшуда ҳастанд, ки ин сабабгори ин ҳолат на танҳо волидайн, инчунин наҳзатиёнро гунаҳкори асосӣ ҳисобидан мумкин аст. Хулоса дар симои роҳбари ТТЭ собиқ Ҳизби назҳати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ то ҳанӯз ҳастанд ашхосе, ки бо сабукандешй, тангбинии хеш тайёранд, ҳамагуна муқаддасоти инсониро зери по кунанд.

Воқеан кишвари мо дар давоми 29 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст.

Мо, тоҷикистониён барои пешгирии ҳама гуна хатарҳои замони муосир иқдомҳое пешбинӣ шудааст, бо кӯмаки мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд, риоя намоем. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд. Мо бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, барои расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек кору фаъолият кунем, то ки фарзандони мо дар оянда аз мо фахр намоянд.

 

Манонова Р.А.дотсенти кафедраи

                                                        забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *