ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТЕКАИ ОЛӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОАТСИОНӢ  НИСБАТИ НАҲЗАТИЁН -МАНҚУРТОНИ ФИРОРB

 

Мо, омӯзгорони кафедра бо интишори изҳороти хеш андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки дар ҷамъияти мо аксарияти мардуми он аз фарҳангу маърифат ва таърихи гузаштаи миллати худ хабардор ҳастанд, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун назарияи ҷадиди илмию фалсафиро пешниҳод карда истодаанд. Зеро таъсири фарҳанг бисёр вақтро талаб мекунад, мардум аввал сухани дигарро мешунавад, сониян бо таҳаммул фикр менамояд. Масалан калимаи  “манқурт”-ро шарҳ дода, қайд мекунем, ки он  танҳо ба ҳизби наҳзатиёни фирорӣ шабоҳат дорад. Бояд ёдовар шуд, ки вожаи “манқурт” дар фарҳанги забони тоҷикӣ инкоркунандаи таърихи худ маънидод шудааст. Бори нахуст нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов дар романи “Рӯзе дарозтар аз қарн” калимаи “манқурт”-ро истифода кардааст. Дар эҷодиёти Чингиз Айтматов манқурт касе мебошад, муқаддасоти таърихӣ, аз он ҷумла, падару модар, деҳа, забону фарҳанг, ватану миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурӯшад. Умуман барои манқурт итоатгӯйи сухани хоҷааш буда, ӯ бо забони хоҷааш сухан мегӯяд, бо гӯши хоҷааш мешунавад, бо дасти хоҷааш мегирад ва ба пойи хоҷааш роҳ меравад. Дар ҳаёти имрӯзаи мо ҳам ҳамин хел ҳизбу ҳаракатҳо мавҷуд мебошад, ки онҳо ғуломи хоҷаҳои хориҷии бегона аст, ки ин бешубҳа наҳзатиёнанд. Таҳлилҳо собит мекунанд,ки воқеан собиқ аъзоёни ҲНИ аз худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ бегонаанд ва бегонапарастӣ, бегонашавиро бештар тарғиб мекунад. Дар тафаккури назҳатиён лаҳзаина илму дониш ва фарҳангу маърифат амал намекунад, оянда ба майнаи сари мардум ибораҳои машҳури “пидори нек, гуфтори нек,  рафтори нек” – ро  мафҳумҳои биёбоние, ки аз онҳо танҳо бӯйи қатлу куштор ва маҳви инсоният меояд, чун: “ҷиҳод”, “шаҳид шудан” ҷой дода шудааст. Дигар барои ин ҳизби назҳатиёнғ манқуртҳои фирорӣ на раҳм мешаваду на шафқат. Воқеан ин амалҳо дар филми ҳуҷҷатии бо номи “Хиёнат” бо далелҳои раднашаванда боз аёнтару исбот шуд.

Инчунин наҳзатиҳо бо сабаби бегонагӣ аз худ, аз миллат ва аз давлат бисёре аз ҷавонони мо ва аз набудани ҳуввияти миллӣ дар аксари рӯҳониён дар бештари ҳафтаномаю маҷаллаҳо ҳар лаҳза расму ойин, дину мазҳаб ва фарҳангу маърифати бегонаро тарғиб мекунанд, ки хусусияти экстремистию террористӣ доранд. Ин гуна шахсон  хурофотпараст буда, аслан дар фикри пешравию беҳбудии халқи тоҷик набуда, балки ҷаҳонбинии хурофот ва тассубро тарғибу ташвиқ менамоянд ва бо ин амалашон наҳзатиён боз мехоҳанд, ки байни мардуми шарифи Тоҷикистон ҷудоӣ андохта, ҳодисаҳои соли 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳодисаҳои майдоннишиниву сангарнишинӣ ва рехтани хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳи тоҷик дар солҳои 90-ум, ки наҳзатиён онҳоро бо доми «фидоиён», «шаҳидони роҳи ҳақ» ва «шаҳидон» қурбон намудааст. Имрӯз наҳзатиён дар Аврупо иқомат дошта, бо супоришҳои хоҷагони хориҷиаш бо иғвогарии навбатиашонро пеша намуда истодаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки конфронси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки санаи 8 марти соли равон дар Варшава баргузор гардид,  воқеан имрӯз ба масъалаи баҳси аксари мардум табдил ёфтааст. Воқеан атрофи он сару садоҳои гуногунро касб намудааст ва ба таъбири худи иштирокчиён ба майдони баҳси ноҷо мубаддал гардидааст. Дар он назҳатиён ва боз ким кадом «воизони доно», ки барои мардуми Тоҷикистон тамоман ношинос ҳастанд сухан гуфтанд ва андешаҳояшон барои худашон норавшан аст.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона фазои орому осуда роҳ сӯи ояндаи дурахшон доранд ва ба маслиҳату ақидаҳои «воизони доно» эҳтиёҷ надоранд. Шарм доред, ки байни иштирокчиёни як конфоронси навбатии САҲА таҳқири миллату  ҳамватанони худро  вазифаи асосии худ шуморида, бо сафсатаву буҳтон машғулед.  Тамошо аз шумо. Аз хориҷа нишаста, дастоварду комёбиҳои мардуми тоҷикро тамошо кунеду, аз аламу ҳасад девонатар гардед…

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *