ИН БЕШАРАфИСТ !

Мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф имрӯз дур аз ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, дигар илоҷе наёфта, дар барномаи ифротии “Пайванд” мунтазам боз дасисаҳои наве барпо карда, мехоҳад Ватани ороми моро ноором созад.  Муҳаммадиқбол дар баромадаш асосан доир ба масоили дини мубини Ислом сухан менамояд. Ҳол он ки мардуми кишвари мо мусалмон ҳастанд, сатҳи дониши динии онҳо аз солҳои 90-уми асри гузашта даҳҳо маротиба баланд шудааст ва  имрӯз аз “амри маъруфи” нокасону бесавод, чун М..Садриддини бешараф ниёз надоранд.

Воқеан аз баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқбол кас пай мебарад, ки ӯро шираи молу мулк ва пулҳои ҳаром гирифтааст. Баробари ин ба ҳар шунаванда лаҳзаҳои филми мустанади қисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” пеши назар меоварад, ки ӯ дар қаламрави Афғонистон бо кумондонҳои ифротӣ, амиқтраш  кумондон Fулом корҳои бешарифӣ пеша карда, оқибат  ӯро Иқболбӣ ном гузоштаанд.

Дар интиҳои андешаи хеш ба М.Садриддини бешараф, умуман кулли наҳзатиёнро хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар ватанамон озодии сухан,  шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин ватан кору фаъолият мекунем. Хулоса, баромадҳои хоинони миллат ба монанди Кабирию Муҳаммадиқбол ва ҳамаслаконашро шадидан маҳкум намуда, аз тамоми мардуми кишвар, бахусус шахсони муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, бори дигар даъват менамоем, ки фирефтаи суханҳои бадхоҳони миллат нагарданд!. Ба Ватану миллати худ содиқ бошанд!

      ВАЛИЕВ А.,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *