НАМЕГУЗОРЕМ, КИ БАДХОҲИ МИЛЛАТ БО АФКОРИ ҒАЛАТ АҚИДАИ ҶАВОНОНРО ЗАҲРОГИН КУНАД!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки дар ҳақиқат кӯшишу амалҳои таҳрибкоронаи афроде, ки дар либоси дифои ислом ва исломият ҳаргуна ормони инсондӯстиро поймол ва ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллиро танг мекунанд, сазовор ба маҳкум шудан аст. Эътиқод ва имон ба кешу дин албатта амали муҳим ба ҳар як мусулмон аст. Аммо нишонаҳои ин эътиқодмандӣ ҳаргиз даст задан ба разолат, қатлу куштор ва хунрезӣ набуд. Чунончи, агар Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи качу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Шояд ин “сиёсатмадорони навтавлид” марги падару модар, бародару фарзанд ва кӯдаки навзод, саргардонии миллионҳо тоҷикро дар берун аз хоки Ватан ва сӯхтани шаҳру деҳоти Тоҷикистонро бо чашми худ надидаанд. Ин афрод ба ном “сиёсатмадорони миллатдӯст” мақсадҳои маҳдуди ҳизбии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон болотар гузошта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро аз ҳолати мувозанати берун оранд.
Кирдору амалҳои номатлуби Кабирӣ ва ҳамсафонаш, ки имрӯз дар либоси эътиқод ба Ислом ва Худо содир мегардад, ба кадом андешаву афкори баланду ҷаҳонсози Имоми Абӯҳанифаи Аъзам, Имоми Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва даҳҳо шахсиятҳои номвари дигари ҷаҳонӣ, ки фарзандони бузургвори миллати тоҷику форсанд, созгорӣ дорад? Ин хиёнати маҳз аст ба халқу Ватан ва оромиву суботи он. Нагзорем, ки бо афкори ғалат, ҷоҳилона ва кӯр-кӯрона фикри аҳли миллат, хоса насли ҷавонро заҳрогин ва фарзанди Инсонро қурбони ҷаҳолат гардонем.
Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрӯза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.
Ба қавли Мавлонои Балх:
Пирӯзи аз иттифоқ хезад,
Парокандаги аз нафар хезад.

З. РАҲМАТОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *