НАЙРАНГБОЗИИ НАВБАТИИ  ТТЭ ҲНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

 

Мо, аз гузашти аём  ва тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ аъзоёни ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин  Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик оварданӣ буд!  Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард. Имрӯз низ дар кишвари Аврупо иқомат дошта, наҳзатиён найрангбозиҳои навбатиашон нисбати давлати соҳибистиқлоламон санги маломат зада, дастоварҳои беназири Тоҷикистони азизро нодида мегирад.

Воқеан имрӯз асре, мебошад, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои собиқ ҲНИ бошад, имрӯз  ба авромулло табдил ёфта, сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосилаи пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин амали носолеҳашон бошанд.

Ҳаммаслакони наҳзатиён ва умуман шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар майдонҳои набарди Сурия Ироқ чашида, бархе аз онҳо ба ҳалокат расидаанд ва дар натиҷа ҳамсару фарзандонашон сарсону саргардонаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Ин роҳи пешгирифтаи наҳзатиён  танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ!

Агар нисбати М.Кабирӣ сухан гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол афтодааст ва чунин афрод метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Воқеан ҳам ӯ меҳану модарашро фурӯхта ба диёру миллаташ хиёнат кардааст. Хулоса чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки бархе ҳаммаслакони  наҳзатиён айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии давлати ба ҳамагон маълум мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Хушбахтона ҳушёриву зиракии мардуми бо ору номуси миллат ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Имрӯзҳо М.Кабирӣ ва умуман пайравони наҳзатиён ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф  дар шабакаҳои иҷтимоӣ,  асосан дар барномаи “Паймони миллӣ…” ва  “Пайванд “, тибқи супориши хоҷагонашон, баромад намуда, худро ҳамчун «ватанфурӯшу хиёнатпеша» “сиёсатшинос” шуморида, бо найранбозии навбатиашон оид ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Тоҷикистони азиз зери суоли танқид кӯшиш намуд истодаанд. Инчунин М.Кабирӣ дар яке аз баромадҳояш бо пеша намудани дурӯягию дурӯғгӯӣ нисбати давлату шахсиятҳои сатҳи байналмилалӣ, ба мисоли  Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Лукошенко А.-ро бе ягон асос зери танқид қарор дод. Таъкидан ба наҳзатиён иброз медорем, ки ба сиёсати дохилии давлати ба мо дӯст Ҷeмҳурии Белоруссия кордор нашавед!

Имрӯз халқи боору номуси миллати тоҷик гуфтаҳои наҳзатиёнро  шадидан маҳкум намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм аст!

 

                                            МАҲМУДОВА М.,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисод     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *