БА АМАЛҲОИ ТАХРИБКОРОНАИ НАҲЗАТИЁН ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ! 

 

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ ивротӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ ҲНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ва дар оқибат  ҳалок шудаанд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ  ҳамавақт будан, мемонанд. Нақшаҳои баде, ки наҳзатиён  кашида буданд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуданд. Имрӯз наҳзатиён аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст ва  дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона доранд. Имрӯз бештари наҳзатиён инсони дарбадар  ва дур аз Ватан ҳастанд. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд.

Вақт довару таърих гувоҳ аст, ки амалҳои тахрибкоронаи  наҳзатиён, бахсус  роҳбари он М.Кабирӣ  бори дигар дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» аёну исбот шудаанд. Имуз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати точик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази курбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Точикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва равияҳои ифротӣ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо яке аз кишварҳост, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ, истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст.

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро ривоҷ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардуме гардонад. Воқеан овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми точикро таъмин намуд.

                                         Раупова Қ.О. ассистенти

                                                          кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *