ҶАВОНОН АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ УМУМИБАШАРИРО АРҶ ГУЗОРЕД!

 

Пеш аз оғози мақолаи хеш ёдовар шудан зарур аст, ки  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 -юми моҳи майи соли равон зимни мулоқот бахшида дар яке аз  ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавонон ба ҷавонон дастуру супориш дода, аз ҷумла таъкид карданд: Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.Чунки имрӯз боиси ташвиш гардидааст, ки баъзе ҷавонони кишвар ба доми фиреби ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротӣ афтода, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба амсоли гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом ва ТТЭ ҲНИ  ба сафи худ он ҷавонони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта, онҳое, ки ба таври сода идеологияро қабул мекунанд, тамоюл (ба ақидаи онҳо)  ба бунёди тартиботи ҷаҳонии «воқеан боадолат» бар асоси дин  доранд, ашхоси тамоюлдошта ба содир намудани ҷиноят бештар ҷалб менамоянд. Дар оқибат ҷавонони сустиродаву ноогоҳу ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтода, ба миллату Ватани худ хиёнат намуда, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Чунончӣ тибқи расонаҳои хабарӣ дар соли 2020  аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз  270 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳо ҷинояти дорои хусусияти террористию экстремистидошта ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳизби наҳзати ислом”- 17нафар, “Давлати исломӣ” -39 нафар, Бародарони мусалмон”-  148 нафар; “Гурӯҳи 24”- 8нафар;; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3; “Ҳаракати Толибон” -1 нафар. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки тибқи ВАО-и  Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли ҷорӣ дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ  бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” 11 нафар боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо, мутаассифона  Солиев Солеҳи 31 сола, зодаи Тоҷикистон низ дастгир карда шуд.

Вобаста ба ин ҳолат Пешвои миллат зимни вохӯрӣ бо ҷавонони мамлакат, таъкид карданд, ки шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад. Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст. Ҳарчанд ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад. Бо баробари ин Пешвои муаззами миллат вазорату кумитаҳо ва кормандони марбутаи дахлдори ҷумҳуриро таъкид карда, ҳамзамон вазифадор карданд, ки бо ҷалби васеи зиёиён ҷиҳати ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат бахшида, иштироки боз ҳам фаъолтари онҳоро дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ таъмин гардонанд.

Мо, омӯзгорон ва умуман қишри зиёии кишвар ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои навбатии Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона намуда, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти Ватани азизамон ва бунёдкорӣ аз дирӯз дида, имрӯз бештар ташвиқу тарғиб менамоем. Бо боварии комил метавон қайд карди мо аз иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ хоҳем баромад!

 

                                        А.РИЗВОНШОҲ ,

ассистенти кафедраи

 молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *