Имрӯзҳо ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида мегиранд ва бо суханҳои бесосу бемантиқ нисбати кишвари азизамон ҳарф мезананд. Бояд қайд кард,ки роҳбари дурӯяи ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва думраваш Беҳрӯзи Тағойзода, аъзои Гуруҳи -24 бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ин кӯрнамакони фонусбадаст мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳалҳо ҷудо кунанд. Боздошти аъзоёну ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -24 моро собит месозад, ки онҳо дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намудан кӯшиш доранд.
Мо қаблан зимни андешаҳои солими ҳамешагиамон даъват ба амал оварда будему боз меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, хеч як фарди солимақл бовар нахоҳанд кард. Имрӯз маҳз ҳамин хоинони аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад.
Хулоса шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар фарҷоми мақолаи хеш мо роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гуруҳи -24 –ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум менамоем.
А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ