
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол зимни андешащои хеш борҳо нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи наҳзату навнаҳзатӣ, ки алҳол аксарияташонватангадо шуда, дар яке аз кишварҳои Аврупо бо дастгирии хоҷагонаш иқомат доранду то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, чун солҳои қаблӣ фитнаангезиву дасисабозиро пеша намудаанд.Чунончи, яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин мудирияти сомонаи“Ислоҳ нет”-ро ба ӯҳда дорад, ки фарзанди Қаландари Садриддин яке аз саркардагон ва аъзои фаъоли наҳзат мебошад, санаҳои 4 ва 8 июни соли равон тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби яке аз шогирди фаъолаш Восиев Абдухалил лақабаш “Алмаз”асту думравоаш Тағоев Муҳаммад ва инчунин як қатор афрод бо ному лақабҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла 7+70, Сардор, Достон, Регарӣ, Ҳисорӣ мебошанд,ки дар умум гуруҳаки навнаҳзат ном гузоштаем, баромади ифротӣ намуданд. Ин гуруҳаки навнаҳзат дар



барномаи зикршуда аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳо, бо таблиғи андешаҳои ботил намуда,барои ноором ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишварамон кўшиш карданд. Хулоса, М.Садриддин бо баромадҳои ифротиаш худро “уламои дин”,дигаре ба мардум “адолалпарвару ҳақиқатҷӯ” нишон доданд.Вале, дар асл хусусиятњои асосии аќида ва таълимоти онњо ба фарњангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфї дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоранд. Инчунин, бо намоиши сабти видиоӣ зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, «аз пашша фил месозанд. Ҳар фарди солимақл бе мушкили дарк мекунад,ки ин гуруҳаки навнаҳзати ифротӣ бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Аз баромадҳои навнаҳзатиҳо ба хулосае омада қайд менамоем, ки пушти ин ҳама амалҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткор чи ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин наҳзату навнаҳзатӣ , умуман бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат кишвҷари биҳиштосоямонро ноором созанд.
М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ