


Мусаллам аст, ки имрӯз Интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишторию аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ Интернет дунёест бузург, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад. Воқеан, Интернет як воситаи пуриқтидорест, ки ҳам фоида ва ҳам зарар меорад, ки мо таъсири манфии он андешаи хешро иброз медорем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард,ки ҳарчанд нақш ва аҳамияти Интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки Интернет бошем. Яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи Интернет ин шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геополитикӣ нуҳуфта ва ё аёнанд. Интернет таҳдидҳои навро дар шакли вобастагӣ, ҷиноятҳои киберӣ, иттилооти бардурӯғ ва гаравиши ноогоҳон ба созмонҳои эстремистию террористии ҷинояткор эҷод кард. Алҳол гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва ҳаргуна равияҳои ифротӣ, аз имкониятҳои шабакаҳои Интернет истифода намуда, фаъолияти муғризонашонро бештар тавассути шабақаҳо иҷтимоӣ ба роҳ мондаанд ва айни замон субъектҳои асосии муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ба шумор мераванд. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар даҳ соли охир дар дар Интернет (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремисти аз номи ислом баромадкунанда,аз ҷумла ДИИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, Ал-Қоида, «Ҳизб-ут-таҳрир» ва баробари ин раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони “Ҳизби наҳзат”, “Паймони миллӣ…”, узви фаъоли “Гурӯҳи 24”, амсоли ин ва ғайраҳо ба таври хеле фаъол истифода мебаранд. Чунин сурат гирифтани кор аз он шањодат медињад, ки имрўз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои љомеаи љањонї табдил ёфтааст.Афзоиши паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вусъат ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни кишварҳои абарқудрат дар ин раванд аз эҳтимол дур нест.Ташвишовар ин аст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо бо минтақа, давлат, гурӯҳҳои иҷтимоии алоҳида шеваҳои хоси муносибатро ба роҳ мемонанд, балки иқтидори технологӣ имкон додааст, ки бо ҳар фард бо усулҳои хос кор баранд. Баробари ин, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Масалан, дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудаст, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд. Илова бар масоили зикршуда бояд қайд кард, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, бархе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконияти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, дар вазъияти мураккабу зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар сафи аввал қарор дошта бошанд.
Дар фароварди андешаи хеш бояд қайд кард, ки авзои имрўзаи љомеаи љаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳои ифротиро гирем,Хулоса истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ кафили амнияти иттилоотӣ кишвар аст!
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ