БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

 

    

Мо, вобаста ба баромадҳои яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” Муҳаммадиқболи Садриддин, ки вақтҳои охир тариқи канали YouTube дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромад намуда истодааст, ақидаи хешро баён медорем. Ин афроди бешараф, дар давоми соли ҷорӣ то имрӯз такор ба такрор чун тўти дар ҳар баромадҳои ифротиаш дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, асосан бо ҷалби шогирдаш Восиев Абдухалил ва думраваш Муҳаммад Тағоев зимни ҷустуҷӯи

                                                                   

сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаи ифротиаш «аз пашша фил месозад», дар атрофи он ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво меандозанд.
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар ҳамаи наворҳои дурӯғини иғвоангези М.Садриддин омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунад, шаҳодати онро мекунад, ки ба ғайр аз иғво ва фитна андохтан корӣ дигар надорад. Умуман , баромадҳои М.Садридин ва шогирду думрави дар боло зикршуда aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт менамоянд. Ин қабил ашхоси ифротӣ ҳамон бадхоҳони миллат ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Назарҳояш ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Ҳам аз ҷониби рӯшанфикрон ва ҳам диндорон танқид мавриди интиқод қарор мегирад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки М.Садриддинро як “инсони гирифтори бемории равонӣ” унвон мекунанд. Хуллас, ин афроди бешараф айби худро руйпуш намуда, кораш танҳо кофтукоби айби касон аст, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ба сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезанаду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳои номуайян паҳн карда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳад. Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далели амиқ гуфта метавонем, ки бозиҳои пасипардаги бадхоҳони миллат ба ҳамагон аён аст. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.
Зимни фароварди андешаи хеш гуфтанием, ки М.Садриддин ва шогирдону думравонаш дар хотир дошта бошанд, барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд . Хулоса, ҷавонони даврони соҳибистиқлол такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати алайҳи терроризму ифротгароӣ мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат хоҳанд намуд.
Ин ҳама навиштани андешаро мо аз рӯи ҳавову ҳавасе не, аз рӯи васфу лагандбардорӣ бар касе не, балки аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаему, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Зеро ин худ неъмати иллоҳиву бебаҳоест, ки мо миллати тоҷикро бо рушду тарақиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.

К.КАЛОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *