НАҲЗАТИЁНИ ДАСИСАБОЗ

Имрӯз собиқ аъзоёни наҳзатиён ба мисоли М.Садриддин бо амалу кирдорҳои душманононаи худ имрӯз дар хориҷи кишвар паногоҳ ҷуста, нисбати давлату ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳаргуна бӯҳтону тӯҳматҳо бофта истоданд. Дар робита ба ин, саволе ба миён меояд, ки агар онҳо ва ҳамфикру ҳаммаслакони онҳо ё худ М.Садриддин агар дар қатори дигар мардуми заҳматкаши тоҷик бо меҳнати ҳалолу корҳои шоиста барои Ватан машғул мешуданд, имрӯз дар хориҷи кишвар дар ба дар мешуданд?   Наҳзатиёни дасисабоз пештар Ғарбро танқид мекарданд ва имрӯз бошад дар Ғарб паногоҳ ҷуста,  риёкорона пӯсти худро иваз кардаанд ва бо номи  болохонадори “Паймони миллӣ”ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, худро ҳамчун дӯсти халқи тоҷик нишон диҳанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Аврупо, ки дар боло зикр шуданд, паҳну парешонанд. Наҳзатиёни фирорӣ андеша кунанд! Аз дур истода, маслиҳат додан осон аст, аммо дар Ватан қарор дошта, ба “ҷароҳатҳо иҷтимоӣ”-и он дармон бахшидан кори саҳл нест. Барои ин инсон бояд Ватани худ,  миллати худро дӯст дорад, марзи бум, обу хоки онро муқаддас донад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинату дасисабоз огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор муборизаи беамон бурда истодаанд.

 Акпарзода А., устоди  кафедраи молшиносӣ

                                                            ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *