Солҳои охир, бахусус дар давоми соли сипаригардида ва аз оғози соли 2024 то имрӯз раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони “Паймони милли..”,ки худсохтаи наҳзат аст, асосан тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир“, аз ҷониби ровиаш – Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону пайравонаш, ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандозӣ ба шумор мераванд, бо амали хиёнаткоронашон камбудиҳои ночизи кишвари азизамонро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Фитнакорру тафриқаандозони “Паймони миллӣ“ барои бадном кардани кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, ходимони илму фарҳанги кишвар дар назди ҷомеа, маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар барномаи ифротиашон ҷой дода, бо ин васила худро “адолатхоҳу ҳақиқатпарвар” нишон медиҳан, ки он аз фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар робита ба ин, мо борҳо зимни мақолаву изҳорот хулосабарорӣ намуда будем, ки ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ расонданаш аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Таърихи навини кишвар, собит менамояд, ки баъди соҳиби Истиқлоли давлатӣ шудан, аз дируз дида имрӯз водор месозад, ки мо ба сари ҳар гуфтору рафтори бадхоҳони миллат,бахусу наҳзатиҳо ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем ва онро шадидан маҳкум намоем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори миллат -Муҳаммадиқбол ва шогирдону пайравонаш нисбати миллат ва кишвари соҳибистиқлоламон суханҳои бўҳтонангезу ихтилофангез гӯянд. Хулоса, ба Муҳаммадиқбол ва пайравонаш, умуман ба раҳбарияту ҳаммаслакони имрӯзаи паймони худсохтаи наҳзат ва ё ТТЭ ҲНИ гуфтанием, ки шумоён бадхоҳони миллату давлат дар зеҳни мардум ва хотираи мардуми кишвар ҳамчун хоину душман ва чоплусони хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум руз аз руз бештар шуда истодааст. Мардуми сарбаланди кишвар кайҳост, ки найрангҳои ҳаммаслакони наҳзатиҳоро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоарад. Воқеан, он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ