М.САДРИДДИН АҒЁРИ ФИТНАСОЗУ ИҒВОАНГЕЗ!

Боиси таассуф аст, душманони ғаддори бани башар дар ҳама марҳилаҳои таърих арзи ҳастӣ доранд ва ҳеҷ аз таҳрибкорию зулму асорату даҳшатафканӣ даст намекашанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки собиқ раҳбарияту ҳаммаслакони ҲНИ ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷашон дар кишварҳои Аврупо иқомат дошта, номи ҳизби ифротиашонро “Паймони милли…” ном гузошта, (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардан сабаб дорад), дар давоми соли сипаригардида ва моҳҳои январу феврали соли равон, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ менамоянд. Дар робита ба ин, бояд қайд кард,ки дар сафи наҳзатиёни хиёнатпешаву ватангадо афродее сафсатагӯй, бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, машҳур бо тахаллуси Иқболбӣ арзи ҳастӣ дорад, ки рафтору гуфтор ва кирдорҳои ӯ бидуни талаб ба исбот, саропо аз шайтонсароиаш дарак медиҳад. Аксарияти суханҳои бемаъниаш, чун чуғзи бадафт худ боварӣ надорад. Ҳангоми эроду зиддиятҳои шахсони солимандеш дар гуфтугӯи мустақим М.Садриддин тез асабонӣ мешаваду бидуни одобу фарҳанги муошират ба дашному ҳақоратҳои қабеҳ мепардозад. Ин хоини бешараф, асосан тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.ТV”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ровигӣ намуда, бо ҷалби думравонаш баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемавриду бемантиқу бемазмунро баён менамояд. Хулоса, Муҳаммадиқбол бояд донад, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худнамоӣ намуда, иғвогарӣ нашояд! Набояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи миллату кишвари соҳибистиқлоламонро паст зананд. Бо итминони қавӣ қайд менамоем, ки аҳли ҷомеаи озодандешу солимфикри Тоҷикистони азиз аз макру фиребу найрангҳои М.Садриддин ва пайравонаш, умуман, наҳзатиёни иблиссифат огаҳанду фирифта нашуда, бо иродаю матонат Ватани маҳбуби худро содиқона аз ағёри фитнасозу иғвоангез ҳифз менамоянд. Дар атрофи сипари боэътимоди сулҳу осоиштагӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид, пайваста ба заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул мешаванду бар зидди наҳзатиёни ифротгаро аз дируз дида имрӯз бештар муқовимати шадид нишон хоҳанд дод. Имрӯз мо бояд шукронаи ин миллату ин сарзамини биҳишосои азизамонро кунем. Нагузорем, ки наҳзатиҳои морсифатони аждаҳомонанд миёни мо ва якпорчагии Тоҷикистону халқи он иғвою фитнаро ворид созад. Биёед, гирди парчами сулҳу Ваҳдат ва озодии Ватан сарҷамъ мешавем ва намегузорем, ки осмони беғубори Истиқлоли моро касе тираи фикру ақидаҳои бегонапарстӣ ва ифротӣ накунад. Сарҷамъ шавем, ки қувваҳои ифротиву иртиҷоии бегона ба девори сулҳу суботи мо рахна зада натавонад. Месазад, ки мо ифтихори милливу хештаншиносии хешро имрӯз боз ҳам боло кунем, чун дар мамлакате умр ба сар бурда истодаем, ки сулҳу оромӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мароми мост. Умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи кишвари соҳибитиқлоламонро тира намегардонад!

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *