Рушди Қувваҳои Мусаллаҳ – пояи асосии давлатдорӣ!

Ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДИС ДДТТ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ, и.в. директори Донишкада, н.и.и., дотсент Машокиров Ш. У. баромад намуда, меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид кард, ки оинаи таърих гувоҳи он аст, ки Артиши миллии кишвар соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил ва ҳасос таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кардааст. Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро ҳамчун мерос соҳиб шуда буданд, бидуни мавҷудияти кадрҳои тахассусӣ, бе таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуда, Ҳукумати мамлакатро зарур буд, корро дар ҷойи холӣ оғоз намояд.
Рушди Қувваҳои Мусаллаҳ пояи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар ривоҷу равнақи Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аз лиҳози таъминнокӣ бо техника ва лавозимотҳои ҷангӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси аз технологияҳои муосир огоҳбуда, шароити хуби иҷтимоии сарбозону афсарон ва дигар ҷанбаҳои муҳим, равона гардидааст.
Дар ин марҳила афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлол хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷо оварданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».
Дар чорабинии идона, меҳмонон: Раиси Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд, полковники эҳтиётӣ Шарифҷон Азизов, Раиси Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, полковник Раҳимҷон Бурҳонов ва афсарону сарбозони қисми ҳарбии №3501 иштирок намуда, перомуни таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва қаҳрамонию ҷоннисориҳои сарбозони диловари Ватан андешаронӣ карда, аҳли нишастро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуданд.
Баъдан барномаи рангини адабию фарҳангии донишҷӯёни Донишкада иборат аз суруду рақсҳои дилнишин, қироати шеърҳои ватандӯстона ва намоиши саҳнаи адабӣ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *